Дар ду рӯз дар Тоҷикистон ду заминларза рух дод

Date:

Субҳи имрӯз, 4-уми октябр, дар 7-километраи ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе заминларза рух додааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо такя ба Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷиистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин заминларза соати 03:31 дақиқа рух дода,  маркази он 7 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ гуфта мешавад.

“Қувваи заминларза дар маркази он 2-3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 балро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест”, – менависад манбаъ.

Бояд гуфт, ҳафтаи равон бори дуввум аст, ки дар қаламрави кишвар заминларза ба вуҷуд меояд.

Ду рӯзи пеш ҳам, соати 19:03 дақиқаи шоми 2-юми октябр дар қаламрави мамлакат заминларзаи сахти қуввааш 5,3 балл рух дода буд.

Маркази ин офати табиӣ дар фосилаи 44 километр ба самти ҷанубушарқ аз мавзеи Қаракенҷа, як нуқтаи аҳолинишин бо 2800 аҳолӣ дар ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир шуда, замини он дар умқи 13 километр ларзид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...