Никол Пашинян аз иштирок дар ҷаласаи СПАД даст кашид

Никол Пашинян, сарвазири Арманистон дар саммити навбатии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), ки рӯзи 23-уми ноябр дар Минск, пойтахти Белорус, баргузор мешавад, иштирок нахоҳад кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвазири Арманистон хабар медиҳад. Ба навиштаи манбаъ дар бораи иштирок накарданаш дар саммит Никол Пашинян зимни суҳбати телефонӣ ба Александр Лукашенко, Президенти Белорус, хабар додааст. […]

Asia-Plus

Никол Пашинян, сарвазири Арманистон дар саммити навбатии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), ки рӯзи 23-уми ноябр дар Минск, пойтахти Белорус, баргузор мешавад, иштирок нахоҳад кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвазири Арманистон хабар медиҳад.

Ба навиштаи манбаъ дар бораи иштирок накарданаш дар саммит Никол Пашинян зимни суҳбати телефонӣ ба Александр Лукашенко, Президенти Белорус, хабар додааст. Сарвазири Арманистон “изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳамкорон дар доираи СПАД тасмими ӯро дуруст қабул хоҳанд кард”.

Ба ин тартиб, Арманистон аз соли 2009 то ин замон бори аввал аст, ки дар саммити СПАД иштирок намекунад.

Пештар сарвазири Арманистон гуфта буд, ки Ереван маҷбур буд муносибатҳояшро бо кишварҳои дигар бозбинӣ кунад ва ба далели рафтори Русия дар бахши амният шарикони нав ҷӯяд. Вай гуфт, дар низоъи Қарабоғи Куҳӣ Москва натавонист уҳдадориҳояшро ҳамчун шарик дар назди Арманистон иҷро кунад. Пашинян гуфта буд, ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар ҳудуди Арманистон ҳеч афзалияте надорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.