Баъди пешниҳоди пайвастани Ӯзбекистон ба Русия. ВКХ-и Ӯзбекистон сафири Русияро ба сӯҳбат даъват кард

Date:

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон сафири Русия дар шаҳри Тошканд Олег Малгиновро барои суханҳои Захар Прилепин, нависанда ва ҳамраиси ҳизби “Русияи одил – барои ҳақиқат”, ки чанде пеш пешниҳод кард қаламрави Ӯзбекистонро ба Русия ҳамроҳ карда шавад, ба суҳбат даъват кардааст.

Дар хабари вазорат гуфта мешавад, ки “чунин изҳорот ба рӯҳияи равобити дӯстонаи ду кишвар мувофиқат намекунад ва метавонад ба муносибатҳои дӯстонаи таърихӣ байни халқҳои мо таъсири манфӣ расонад”.

Сафири Русия зикр кардааст, ки суханҳои Захар Прилепин “мавқеи расмии роҳбарияти Русияро дар мавриди Ӯзбекистони дӯсту соҳибистиқлол инъикос намекунад”.

Сафир ҳамчунин гуфтааст, ки “дар кишвари ӯ ҳеҷ гоҳ соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Ӯзбекистон зери шубҳа гузошта нашудааст”.

Олег Малгинов зикр кардааст, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия ният дорад дар ояндаи наздик ин ҳодисаро шарҳ диҳад.

Бояд гуфт, чанде пеш Захар Прилепин дар яке аз суханрониҳояш гуфт, мушкили занозании муҳоҷирон дар Русияро мешавад бо роҳи ҳамроҳ кардани қаламравҳои нав, аз ҷумла Ӯзбекистон ба ҳайати кишвараш ҳал кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...