Нахустин барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори озод

Date:

Дар Душанбе маросими муаррифии барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори озод баргузор гардид.

Ба иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, иштирокчиёни чорабинӣ (Roadshow) бо шартҳои барориш ва ҷойгиркунии вомбаргҳои давлатии Тоҷикистон шинос шуданд.

Road Show як таркиби омодагии амалии ширкат зимни барориши коғазҳои қиматноки он буда, маъмулан як силсила вохӯриҳоро бо сармоягузорони имконпазир дар шаҳрҳои калидӣ пешбинӣ мекунад.

Дар чорабинӣ вазири молия ва раиси Бонки миллӣ, инчунин намояндагони як қатор вазорату идораҳои кишвар ва ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ иштирок карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода

Гуфта мешавад бозори такрории коғазҳои қиматнок бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми ахираш дода буд, роҳандозӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки зимни ироаи паём ба парлумон рӯзи 27 декабри соли гузашта президент ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки “ҷиҳати рушди бозори коғазҳои қиматнок, бахусус коғазҳои қиматноки “сабз” ва бозори такрорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд”.

Бозори такрории коғазҳои қиматнок бозорест, ки дар он коғазҳои қиматнок ба муомилот бароварда мешаванд. Дар ин бозор дигар захираҳои нави молиявиро барои барориш ҷамъ намекунанд, балки танҳо захираҳоро байни сармоягузорони минбаъда тақсим мешаванд. Ҳамчун механизми фурӯши дубора, он ба сармоягузорон имкон медиҳад, ки коғазҳои қиматнокро озодона харанд ва фурӯшанд.

Дар хабар таъкид мешавад, ки барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ барои бозори озод бо иштироки доираи васеъ тибқи шароити бозор дар кишвар бори аввал сурат мегирад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода

Гуфта мешавад, дар ин бозор коғазҳои қиматноки бахши хусусӣ, аз ҷумла вомбаргҳои корпоративӣ низ метавонанд ҷойгир карда шаванд.

Танҳо “ихтиёрӣ-маҷбурӣ” нашавад

Яке аз иштирокчиёни чорабинӣ, ки нахост ному насабаш ифшо шавад, ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ ҳам ба шахсони ҳуқуқӣ (бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилоту ширкатҳо) ва ҳам ба шахсони воқеӣ пешбинӣ шудааст.

Дар назар аст, ки пули ҷамъоваришуда ба буҷет барои маблағгузорӣ ба бахшу соҳаҳои муҳим равона мегардад.

Мутахассис аз ташикли бозори такрории коғазҳои қиматнок дар кишвар истиқбол намуда, ба ақидаи ӯ, ин ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ин коғазҳоро харида, фоида ба даст оранд.

Аммо ӯ аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки ҷойгиркунии вомбаргҳои нашршуда ба мисли фурӯши саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” дар соли 2010 метавонад “хусусияти ихтиёрӣ-маҷбурӣ” касб кунад.

Аллакай дар нақша буд

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз соли 2011 мехостанд, ки дар кишвар бозори такрории коғазҳои қиматнок ташкил ва дар он, аз ҷумла саҳмия ва гувоҳномаҳои ҶСК “НБО Роғун”-ро ҷойгир кунанд.

Аммо нақшаҳои мазкур бо сабаби ба таври кофӣ мавҷуд набудани маблағ танҳо рӯйи коғаз монданду халос.

Қобили зикр аст, ки ҷойгиркунии вомбаргҳои давлатии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати молия нашр мешавад, дар бозори аввал тариқи музояда сурат мегирад. Музоядаҳо дар низоми Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...