Тағйироти кадрӣ. Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири мудофиа ва фармондеҳони Қувваҳои мусаллаҳро иваз кард

Date:

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои мусаллаҳ як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дод. Аз ҷумла, чор муовини вазири мудофиа, фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои мусаллаҳ ва муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии КДАМ иваз шуданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Сафарзода – муовини вазири мудофиа оид ба тайёрии ҷангӣ, Одил Носирзода – муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, Музаффар Раҳимзода – муовини вазири мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявӣ ва Бобоҷон Саидзода – муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ таъйин гардиданд.

Инчунин, Абдусаттор Шоҳиён сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таъйин шуд.

Бо фармони Президенти Тоҷикистон, Хусрав Бобозода аз вазифаи фармондеҳи Қушунҳои хушкигарди Тоҷикистон озод шуда, ба ин вазифа Сафарализода Раҳмоналӣ таъйин гардид.

Ҳамин тавр,  Шамсиддин Собирзода – фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои мусаллаҳ ва Дилшод Тоирзода – муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъйин карда шудаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунин, ба вазифаҳои муовини аввал ва муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ, сардорони як қатор раёсату хадамоти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ, командирони баъзе қисмҳои ҳарбӣ, комиссарони ҳарбии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва намояндагони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ ва дар назди сафоратҳои Тоҷикистон дар якчанд кишвари хориҷӣ кадрҳои нав таъйин гардиданд.

Имрӯз кадрҳои навтаъйинро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт ва онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми шарифи Тоҷикистон даъват кард.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки хидматчиёни ҳарбӣ ва ба хусус ҳайатҳои роҳбарию фармондеҳии Қувваҳои мусаллаҳ низ бояд ба омӯзиши амиқи ду забони хориҷӣ баробари забони модарӣ ва аз худ кардани техникаю таҷҳизот ва технологияи муосири ҳарбию иттилоотӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...