Футболбозони ҷавони тоҷик Ҷоми Осиёро бо бохт оғоз карданд

Date:

Дар бозии аввал дар гурӯҳи “С” дар Ҷоми Осиё, ки дар Давлати Қатар ҷараён дорад, мунтахаби футболи синни то 23-солаи Тоҷикистон аз тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд. Тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон Руслан Хайлоев ва Рустам Соиров ба ҳадаф расониданд.

Дар вохӯрии дигари ин гурӯҳ футболбозони Таиланд мунтахаби Ироқро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карданд.

Ду бозии дигари мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо Ироқ – 19 апрел ва Таиланд – 22 апрел баргузор мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё дар Қатар мунтахабҳои ҷавонони қора натанҳо барои ба даст овардани медалҳои мусобиқа, балки  дарёфти роҳхат ба Бозиҳоии олимпии Париж-2024 низ рақобат мекунанд.

Се дастаи беҳтарин ҳамчун намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) роҳхат гирифта, дастаи зинаи чорум бо намояндаи Африқо барои боз 1 роҳхати дигар ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар плей-офф бозӣ мекунад.

Дар ин мусобиқа ҳамагӣ 16 даста иштирок мекунанд. Чемпиони амалкунанда тими Арабистони Саудӣ мебошад. Мусобиқа аз 15 апрел то 3 май баргузор мешавад.

Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ дар ҷуфтҳои 1/4 финалӣ рақобатро барои медалҳо идома медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...