Ҷазо баъди 24 соли куштор. Як сокини Қубодиён барои қатли шаҳрванди Ӯзбекистон ба 17 соли зиндон маҳкум шуд

Як сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон барои куштори шаҳрванди Ӯзбекистон, ки воқеа 24 соли пеш рух додааст, айбдор шуда, ба 17 соли зиндон маҳкум гардидааст. Дар ин бора Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони додситони вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, Наврӯз Шарипов, сокини ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон рӯзи 25-уми сентябри соли 2000 ба ноҳияи […]

Сайраҳмон Назриев, Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Як сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон барои куштори шаҳрванди Ӯзбекистон, ки воқеа 24 соли пеш рух додааст, айбдор шуда, ба 17 соли зиндон маҳкум гардидааст. Дар ин бора Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони додситони вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, Наврӯз Шарипов, сокини ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон рӯзи 25-уми сентябри соли 2000 ба ноҳияи Ҷарқурғони Ӯзбекистон ба тӯй рафта, ҳамроҳи ду шаҳрванди кишвари ҳамсоя – Абдурашид Тағоймуродов ва Сироҷиддин Абдураимов куштор ва ғоратро нақша мекашад.

Манбаъ афзуд, бо ин мақсад рӯзи 26-уми сентябр ҳар се ба Тирмиз рафта, автомашинаи “Тико” пайдо мекунанд ва аз ронандааш хоҳиш мекунанд, ки онҳоро ба Ҷарқурғон барад.

“Дар роҳ тибқи маслиҳати пешакӣ Наврӯз Шарипов бо корд ба ронанда Баҳром Дадоболаев ҳамла карда, ӯро ба қатл мерасонад. Баъдан ҷинояткорон ҷасади Баҳром Дадоболаевро ба обанбори “Оқтеппа” мепартоянд ва автомашинаашро аз худ карда, ба Тоҷикистон меоранд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Номаълум аст, ки мошин чӣ гуна ба Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Тавре Варқа Зайниддин гуфт, Абдурашид Тағоймуродов ва Сироҷиддин Абдураимов, ду шаҳрванди Ӯзбекистон, рӯзи 26-уми июли соли 2001 бо ҳукми Додгоҳи вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон барои куштор ва ғоратгарӣ ба муҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Маълум нест Наврӯз Шарипов кай дастгир шудааст ва то ин замон дар куҷо будааст. Вале Варқа Зайниддин илова кард, ки тафтишоти пешакиро Додситонии ноҳияи Қубодиён ба анҷом расонида, парвандаро ба додгоҳ ирсол кардааст.

Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 1-уми июли соли 2024 Наврӯз Шариповро бо моддаи 104, қисми 2, бандҳои “е”, “з” ва “и”-и Кодекси ҷиноятӣ (таҳрири соли 1961) гунаҳгор дониста, ӯро ба муҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Дар ҳамин ҳол, Додгоҳи вилояти Хатлон қисми 7, банди “б”-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авфи умумӣ” аз 29-уми августи соли 2001 таҳти №44-ро нисбати Наврӯз Шарипов татбиқ карда, аз 4\1 ҳиссаи ҷазои ӯро кам кардааст.

Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳолати боздошти гумонбарон ва ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум кардани онҳо барои ҷиноятҳои солҳои пеш содиркарда намебошад. Тобистони гузашта низ як гумонбар ба куштори 22 нафар дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон аз Русия ба Тоҷикистон истирдод гардида буд. Ин куштор ҳам солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рух додааст.

Ёдовар мешавем, ки 2 сокини ноҳияи Дӯстӣ, ки ба хотири ғасби курсӣ соли 1993 директори мактаби №11, оила ва фарзандони ноболиғи ӯро ба қатл расонидаанд, 10-уми июни соли равон ба 15 соли зиндон маҳкум шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.