Идомаи қазияи ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси падару писарон Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид карда шуд

Муҳлати ҳабси чаҳор нафари дигар, ки дар пайванд ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав дастгир шуда буданд, 3 моҳи дигар, то 22-юми ноябр тамдид карда шуд. Дар ин бора Хадамоти матбуотии додгоҳҳои салоҳияти қазоии умумидоштаи шаҳри Маскав хабар медиҳад. Қарори тамдиди муҳлати ҳабси пешакии Исроил Исломов, ду писараш Аминҷону Диловар (Исломовҳо), шаҳрвандони Тоҷикистон ва Алишер […]

Asia-Plus

Муҳлати ҳабси чаҳор нафари дигар, ки дар пайванд ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав дастгир шуда буданд, 3 моҳи дигар, то 22-юми ноябр тамдид карда шуд. Дар ин бора Хадамоти матбуотии додгоҳҳои салоҳияти қазоии умумидоштаи шаҳри Маскав хабар медиҳад.

Қарори тамдиди муҳлати ҳабси пешакии Исроил Исломов, ду писараш Аминҷону Диловар (Исломовҳо), шаҳрвандони Тоҷикистон ва Алишер Қосимов, як шаҳрванди Қирғизистон имрӯз, 21-уми август, аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Басманнийи Маскав зимни ҷаласаи пӯшида содир шуд.

Бино ба навиштаи хабаргузории давлатии “ТАСС”, додрас Борис Сафарин, ки қарори тамдиди муҳлати ҳабси онҳоро хондааст, гуфтааст, “аз шахсоне, ки дар парванда ширкат надоранд, хоҳиш мекунем, ки толорро тарк кунанд”.

Гумонбарон ва вакилони онҳо ба тасмими берун кардани хабарнигорон аз толори мурофиа эътироз кардаанд. Алишер Қосимов, яке аз гумонбарҳо фарёд задааст, ки “бигзор бидонанд, ки мо бегуноҳем”. Дурустии ин иттилоъро тавассути манобеъи дигар тасдиқ кардан ғайриимкон аст.

Сабаби тамдиди муҳлати ҳабси пешакии онҳо шарҳ дода нашудааст.

Маъмулан, муҳлати ҳабси пешакӣ замоне тамдид мешавад, ки тафтишот барои исботи гуноҳи гумонбаршуда, далели кофӣ дар даст надорад.  

Исроил Исломов ва 2 писари ӯ – Диловар ва Аминҷон рӯзи 25 марти соли равон ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити Холл” боздошт шуданд. Бо қарори додгоҳ, онҳо аввал то ду моҳ- 22-юми май ва баъдан то 22-юми август ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. Инак, бори дуввум аст, ки муҳлати ҳабси онҳо то 3 моҳ, яъне то 22-юми ноябр дароз карда мешавад.

Ин ҳар се нафар ҳамчунин шаҳрвандони Русия низ мебошанд. Диловар Исломов молики автомашинаи “Рено” буда, чанде пеш аз амали террористӣ дар “Крокус Сити Ҳол” онро ба яке аз иҷрокунандагони эҳтимолии ҳамла фурӯхтааст. Дар ҳамин ҳол, ҳуҷҷатҳои автомашина ба расмият дароварда нашудаанд.

Худи ӯ иддао дорад, ки мошинро "тақрибан як ҳафта пеш" ба бародари ҳамсараш фурӯхтааст.

Ҳар се нафар Исломовҳо айбро эътироф накарданд ва иддаъо доранд, ки аз омодагӣ ба амали террористӣ огаҳӣ надоштанд.

Алишер Қосимов, шаҳрванди Қирғизистон ҳам бо гумони даст доштан дар ҳодисаи теракти “Крокус” боздошт ва ҳамроҳи онҳо ҳукми ҳабси пешакиаш ду маротиба тамдид карда шуд.

Ҳамин тариқ, то ҳол муҳлати ҳабси пешакии 11 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистон дар пайванд ба ин ҳодиса то 3 моҳи дигар, 22-юми ноябр тамдид карда шуд.

Бори аввал, рӯзи 16-уми август бо ҳукми ҳамин додгоҳ муҳлати ҳабси пешакии чаҳор гумонбари аслии ин ҳамлаи террористӣ – Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Шамсиддини Фаридун дубора барои 3 моҳ, яъне то 22-юми ноябри соли 2024 тамдид карда буд.

Баъдан, рӯзи 19-уми август ҳабси пешакии Лутфуллои Назримад, Ҷумъахон Қурбонов, Яъқубҷон Юсуфзода ва Муҳаммад Шарифзода, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар пайванд ба ин ҳодиса боздошт шуда буданд, дубора барои 3 моҳ – то 22-юми ноябри соли равон дароз кард.

Мувофиқи ҳуҷҷатҳои судӣ вобаста ба ин ҳодиса 18 нафар дар боздошт қарор доранд.

Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани гумонбарони аслии ин ҳодиса, шаҳрвандони Тоҷикистон Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсидинро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод каранд. Ҳамаи онҳо дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир  ФайзовДалерҷон МирзоевСаидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дод. Пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” мардони мусаллаҳ ба тирпаронӣ дар толор оғоз намуданд, ки дар пайи он сӯхтор сар зада, майдони 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари ин амали террористӣ 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд.

Масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии "Давлати исломӣ" – Вилояти Хуросон ба уҳда гирифт.

Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.