spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Даргузашти Эмомуддин Аслзода, бародари вазири корҳои хориҷӣ ва раиси собиқи ноҳияи Темурмалик

Эмомуддин Аслзода, раиси собиқи ноҳияи Темурмалик ва бародари Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бар асари беморие, ки дошт дар синни 61-солагӣ даргузашт. Дар ин бора  Вазорати корҳои хориҷӣ бо нашри як сӯгнома хабар медиҳад. 

Эмомуддин Аслзода номзади илмҳои техникӣ буд ва соли 2018 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон рисолаи номзадӣ дифоъ карда буд. 

Як манбаъ аз ВКХ Тоҷикистон гуфт, марҳум бо сабаби беморие, ки дошт, аз олам даргузашт. Ӯ машаххас нагуфт, ки бародари вазири корҳои хориҷӣ аз кадом беморӣ ранҷ мекашид.

Эмомуддин Аслзода то соли 2016 муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Моҳи декбари соли 2016 бо қарори ҳукумати кишвар аз вазифаи муовини вазири энерегетика озод ва  раиси ноҳияи Темурмалик таъин гардид. Ӯ дар ин мансаб то моҳи июли соли 2019 кор кард.

Рӯзи 22 июли соли 2019 бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари раисони 11 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон Эмомиддин Аслзода Муҳриддин аз вазифаи раиси ноҳияи Темурмалик озод шуд.

Ҳарчанд дар фармони барканории ӯ “бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” гуфта мешуд, вале исми ӯ дар мансабҳои баланди давлатӣ дид нашуд.

Аслзода Эмомиддин Муҳриддин соли 1961 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи политехникии шаҳри Фарғонаи Узбекистон дар соли 1985 буд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ, Аслзода Эмомиддин моҳи январи соли 2017 раисолаи илмии худро таҳти унвони «Хусусиятхои фаннӣ ва фановарии пармакунии чоҳҳои чуқур дар минтақаҳои азхудкунии қабатҳои намакдор (дар мисоли конҳои ковоки Афғонистону Точикистон)» дифоъ карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...