Дар фасли баҳор Қазоқистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 11 млрд метри мукааб об мегирад

Date:

То моҳи апрели соли 2025 ба Қазоқистон 11 млрд метри мукааб об аз Сирдарё ваъда доданд. Тавре ки vlast.kz бо истинод ба дафтари матбуоти Вазорати захираҳои об ва обёрии Қазоқистон хабар медиҳад, чунин қарор зимни ҷаласа дар Ашқобод қабул шудааст.

Вазири захираҳои об ва обёрӣ Нуржан Нуржигитов бо намояндагони Тоҷикистону Туркманистон ва Ӯзбекистон дидору гуфтушунид намуда, Қирғизистон ба сифати нозир иштирок кардааст.

Тибқи нақша, то 1 апрел ба обанбори Шардара ҳаҷми зарурии об ворид мешавад, ки ба таъмини минтақаҳои ҷануби Қазоқистон бо об барои мавсими обёрии соли 2025 имкон медиҳад.

“Мехоҳам натиҷаи мусбати кори муштаракро аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи 86-ум зикр кунам. Аз ҷумла, қарордодҳо бо Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши обу энергетика амалӣ шуда, инчунин дар мавриди мувофиқаи реҷаи кори обанбори “Баҳри тоҷик” дар мавсими обёрии соли равон тадбирҳо андешида шуданд”, – гуфтааст Нуржигитов.

Гуфта мешавад, иштирокчиёни вохӯрӣ ҳамчунин ҷадвали кори обанборҳоро дар ҳавзаи дарёҳои Сирдарё ва Амударё тасдиқ намуда, маҳдудиятҳо (лимитҳо)-и интиқоли об барои кишвраҳои Осиёи Марказиро дар давраи тирамоҳу зимистони оянда тақсим карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки вохӯрии навбатии комиссия дар семоҳаи аввали соли 2025 ба нақша гирифта шуда, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...