Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо дастаи Непал пирӯзӣ ба даст овард. Ин бозӣ шоми рӯзи 13-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардида, бо натиҷаи 4 бар 0 ба фоидаи футболбозони тоҷик поён ёфт. Ду голи дастаи моро Алишер Ҷалилов ва ду голи дигарро Шервони Мабатшоев ба ҳадаф расонданд. Бозии минбаъдаи худро […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо дастаи Непал пирӯзӣ ба даст овард.

Ин бозӣ шоми рӯзи 13-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардида, бо натиҷаи 4 бар 0 ба фоидаи футболбозони тоҷик поён ёфт. Ду голи дастаи моро Алишер Ҷалилов ва ду голи дигарро Шервони Мабатшоев ба ҳадаф расонданд.

Бозии минбаъдаи худро мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 19 ноябр бо тими Афғонистон баргузор мекунад.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки мутахассис аз Ӯзбекистон Усмон Тошев, ки қаблан дар тими миллии Тоҷикистон низ ифои вазифа карда буд, дар ин вохӯрӣ бори нахуст вазифаи сармураббӣ дар дастаи Афғонистор иҷро мекунад. Ӯ расман сармурабии тими Афғонистон таъин шуда, ба муддати 1 сол қарордод бастааст.

Мунтахабҳои Тоҷикистон ва Афғонистон ба марҳилаи сеюми интихобӣ ба мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфта натавонистанд. Аз ин рӯ, танҳо дар силсилаи мусобиқаҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 вохӯриҳои расмӣ мегузаронанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Душанбе силсилаи бозиҳои дӯстона байни мунтахабҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Непал оғоз шуд. Ин дастаҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 омодагӣ мебинанд.

Рӯзи 16 ноябр дар Душанбе бозии байни дастаҳои Непал ва Афғонистон ва рӯзи 19 ноябр – байни тимҳои Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 оғоз мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.