Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд

Date:

Дирӯз, 24-уми январ дар дар натиҷаи қуръакашии Ҷоми Осиё-2025 миёни мунтахабҳои наврасони то 17-сола футболбозони навраси тоҷик якҷо бо ҳамсолони худ аз Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ шомили гурӯҳи "D" шудаанд.

Қуръакашӣ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд ва дар он 16 даста ба чаҳор гурӯҳ – "А", "В", "С" ва "D" тақсим шудаанд. Дар ҳар гурӯҳ чор даста ҷой гирифт.

Санаҳои дақиқи бозиҳои Тоҷикистон бо ҳарифонаш ҳанӯз маълум нест, вале бояд гуфт, мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни мунтахабҳои наврасони кишварҳои ин қора аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳамин ҳол, Марко Раҷини, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) гуфтааст, Тоҷикистон шомили гурӯҳи қавие гардид.

“Дар марҳилаи интихобӣ дар Сингапур бо дастаи Уммон бозӣ карда будем. Мунтахаби хуб аст. Дастаи Эрон барои мо ба хубӣ ошно мебошад… Бозиҳои мо ҳамеша бениҳоят душвор мегузаштанд. Инчунин метавонам Куриёи Шимолиро аз рӯйи баромади дастаи ҷавононашон дар марҳилаи интихобӣ дар Душанбе баҳо диҳам. Ин кишвар дастаҳои аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва тактикӣ хуб омодашуда дорад. Ҳамин тавр, дар Арабистони Саудӣ мо бо дастаҳои қавӣ рақобатҳои хеле душвор хоҳем дошт. Ман ба даста ва бозигарон боварӣ дорам ва боварӣ дорам, ки мо дар Ҷоми Осиё-2025 ба мақсадҳои худ мерасем”, – гуфтааст ӯ.

Гуфта мешавад, пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ меёбанд.

Ҳамаи мунтахабҳое, ки ба ин марҳила роҳ ёфтаанд, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025 миёни наврасон мешаванд.  Ин мусобиқа қарор аст аз 5-ум то 27-уми ноябри соли равон дар Қатар баргузор гардад.

Ҳоло дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии ин мутахассиси итолиёӣ барои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҷамъомади таълимию тамринӣ мегузаронад. Ин омодагӣ аз 8-уми январ оғоз ёфта буд ва имрӯз ба анҷом мерасад.

Дар доираи он Тоҷикистон чор бозии санҷишӣ гузаронд, ки дар сетои он пирӯзӣ ба даст оварда, дар як рақобати дигар мағлуб гашт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...