Аз машқҳои пинҳонӣ то қаҳрамонӣ. Чӣ гуна Мадина нахустин медали “Grand Slam”-ро миёни занон соҳиб шуд?

Date:

Мадина Қурбонзода, нахустин духтари тоҷик аст, ки дар мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam” соҳиби медал шуд. Ӯ дар мусобиқаи байналмилалаии “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2025” оид ба ҷудо дар вазни то 52 кг сазовори медали биринҷӣ шуд.

Навори шодии ӯву падараш баъди ғалаба дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинандаи зиёд пайдо кард.

Мадина зодаи ноҳия Восеъ асту онҷо ба воя расидааст. Ӯро дар ин самт падараш роҳнамоӣ намудааст.

"Модарам намехост, ки ман варзишгар шавам, аммо падарам гоҳо пинҳонӣ ё модарамро розӣ карда, ба мусобиқаҳое, ки дар ноҳияҳои наздик мешуд, мебурд. Ман бо бачаҳо машқ мекардам ва ба ҳар деҳа рафта бо бачаҳо гуштин мегирифтам ва онҳоро мағлуб мекардам", – нақл кард ӯ.

МЕДИА (YOUTUBE)

Мадина баъди дастовардҳо ва дарёфти ҷоизаҳои зиёд дар мусобиқаҳои маҳаллӣ, ба Душанбе омад ва дар толори варзишии “Кангурт”, таҳти роҳбари Муртазо Носиров тамрин мекунад. Мувафақияти охирашро ба заҳматҳои ҳамин устодаш рабт медиҳад.

Мадина мегӯяд, ин муваффақият барои ӯ интиҳо нест ва ӯ барои худ мақсади нав – роҳ ёфтан ба бозиҳои олимпӣ ва дар онҷо баланд бардоштани парчами кишварро гузоштааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...