Медали нуқраи ҷудокори навраси тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Булғористон

Date:

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудо байни наврасон (U-17) (Sofia World Championships Cadets 2025) дар София, Лоиқ Қутбиддинов, ҷудокори навраси тоҷик медали нуқра гирифт. Ин мусобиқот аз 27 то 30 август дар Булғористон баргузор мешавад.

Лоиқ Қутббиддинов пас аз як қатор пирӯзиҳо ба даври финалӣ роҳ ёфта, дар рақобати ҳалкунанда аз Эрнуру Батюргалӣ, намояндаи Қазоқистон шикаст хӯрд.

То расидан ба даври финалӣ, ӯ бар ҷудокорон аз Кипр, Алҷазоир, Амрико, Эстония ва Ҷопон дастболо шуд. Ин дастоварди варзишгари наврас барои боз ҳам беҳтар шудани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Ҳайати Тоҷикистон дар ин мусобиқот аз ҷудокорони зерин иборат буд:

– Ҳайдар Маҳмадшарифов (55 кг);

– Лоиқ Қутбиддинов (60 кг);

– Муҳаммадёсин Сулаймонов (66 кг);

– Бобоҷон Шаропов (73 кг);

– Абӯбакр Абдуҷалилзода (81 кг);

–  Мадина Қурбонзода (52 кг).

Ягона ҷудокор миёни занон аз Тоҷикистон Мадина Қурбонзода дар сафи панҷгонаи беҳтаринҳо дар вазни худаш қарор гирифт. Дигар намояндагони ҷумҳурӣ дар ҳайати мунтахаб дар марҳилаҳои гуногуни мусобиқот ба бохт дучор шуданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Булғористон зиёда аз 550 ҷудокор аз 71 кишвари , аз ҷумла Ҷопону Фаронса, Бразилия, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...