Дар Ӯзбекистон маҳбусон бо хондани китоб метавонанд муҳлати ҷазои худро кам кунанд

Маҷлиси миллӣ ё сенати Ӯзбекистон қонунеро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он, барои ҳар як китобе, ки маҳбус аз рӯйхати тасдиқшуда мехонад, муҳлати ҳабси ӯ 3 рӯз кам карда мешавад, хабар медиҳад дафтараи матбуоти палати болоии парлумони ин кишвар. Маҳкумшудаҳо дар як сол метавонанд ҳадди аксар то 30 рӯз муҳлати ҷазои худро кам кунанд. Китобҳое, ки […]

Asia-Plus

Маҷлиси миллӣ ё сенати Ӯзбекистон қонунеро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он, барои ҳар як китобе, ки маҳбус аз рӯйхати тасдиқшуда мехонад, муҳлати ҳабси ӯ 3 рӯз кам карда мешавад, хабар медиҳад дафтараи матбуоти палати болоии парлумони ин кишвар.

Маҳкумшудаҳо дар як сол метавонанд ҳадди аксар то 30 рӯз муҳлати ҷазои худро кам кунанд.

Китобҳое, ки зиндониён мехонанд, аз cӯи Маркази ҷумҳуриявии маънавиёт ва рӯшангарии Ӯзбекистон тасдиқ карда мешавад ва онҳо доро арзишҳои дурусти ахлоқӣ мебошанд. Мутолиаи ҳар китобро комиссияи махсус тасдиқ мекунад.

Ин навоварӣ ба маҳбусоне, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, дахл нахоҳад дошт. Таъкид шудааст, ки қонун ба зиёда аз 13 ҳазору 500 зиндонӣ, ки ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ адо мекунанд, татбиқ хоҳад шуд.

Вакилон гуфтаанд, ки қабули ин қонун тарбияи маҳкумшудаҳоро тақвият мебахшад, ба ташаккули эҳтиром ба анъанаҳо ва қонунҳои ҷомеа мусоидат мекунад ва ҳамчунин, ба пешгирии қонуншиканӣ ва коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ ёрӣ мерасонад.

Қонуни мазкур пас аз имзои раисҷумҳури Ӯзбекистон ба иҷро медарояд.

Бояд гуфт, ки қаблан дар Бразилия низ барномае қабул гардид, ки дар асоси мутолиаи китоб кам кардани муҳлати ҷазои зиндониён пешбинӣ мекунад. Дар ин кишвар маҳбусон бо хондани 12 китоб дар як сол то 48 рӯз муҳлати ҷазои худро кам кунанд. Гуфта мешавад, ки мақомот ин тасмимро ҷиҳати коҳиши шумори зиёди зиндониён дар муасиссаҳои ислоҳӣ гирифтаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов