Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон соли 1992 таъсис ёфта, дар ин давра онро 17 мураббӣ тамрин додааст. Ҳар кадоме аз онҳо равишу тарзу усул ва натиҷаҳои худро доштанд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) рӯзи 10-уми сентябр дар бораи пеш аз муҳлат қатъ кардани қарордод бо сармураббии даста Гела Шекиладзе хабар дод. Ин тасмим баъди нокомии дастаи мунтахаб дар мусобиқаи CAFA Nations Cup-2025, ки дар он дастаи футболи Тоҷикистон дар майдони худ аз гурӯҳ ба даври минбаъда роҳ ёфта натавонист, гирифта шуд.
Ин барканории ягона нест: қарордод бо Леван Хомерики, сармурабии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) низ пас аз нокомӣ дар даври интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2026 дигар тамдид намешавад.
Акнун дастаҳои мунтахаби кишварро дигаргуниҳои ҷиддӣ интизор аст: ФФТ ба омодасозии ситоди нави мураббиён машғул аст, ки ҳафтаҳои наздик бояд тасдиқ шавад, то ки даста ҷиҳати омодгӣ ба бозиҳои калидии даври интихобии Ҷоми Осиё-2027 фурсат ёбад.
Таҳти сарварии Гела Шекиладзе мунтахаби миллии Тоҷикистон 17 вохӯрӣ гузаронида, 7 ғалаба, 4 мусовӣ ва 6 бохт дошт. Таносуби тӯбҳо 25-27 ва натиҷа ба ҳисоби миёна – 1,47 гол дар як бозӣ буд.
Сабақҳои таърих
Дар таърихи футболи тоҷик ба сифати мураббии дастаи миллӣ Шариф Назаров, Пӯлод Қодиров ва Петр Сегрт натиҷаи беҳтар доштанд.
– Шариф Назаров дар 54 бозӣ дастаи миллиро роҳбарӣ карда, ба дарёфти ҷоизаи аввал – Ҷоми даъвати КФО-2006 ноил гардид;
– Пӯлод Қодиров дар 41 бозӣ ба ҳайси сармураббӣ фаъолият намуда, даста ба даври финалии Ҷоми даъват-2008 роҳ ёфт ва соли 2010 медали биринҷӣ ба даст овард;
– Петр Сегрт ба дастоварди таърихӣ ноил гардида, даста таҳти роҳбарии ӯ бори нахуст то даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 расид ва Ҷоми Шоҳигарӣ-2002-ро соҳиб шуд.
Даста таҳти сарварии Ҳаким Фузайлов ва Усмон Тошев бозии хуб нишон медоданд, лекин ба пирӯзиҳои устувор ноил нагардиданд.
Аз 17 сармураббӣ зиёда аз нисфашон камтар аз ду сол кор карда, камтар аз 15 бозӣ гузаронидаанд.
Ба ақидаи коршиносон бо шумули собиқ директори варзишии “Истиқлол” Муродҷон Умаров, роҳи беҳтарин даъвати мураббии қавӣ аз хориҷа, аз ҷумла Испания ё Италия аст.
Ҳамакнун номзадҳо ба вазифаи сармурабии тими мунтахаб: Алишер Тухтаев, Игорь Черевченко, Дмитрий Черышев, Виталий Левченко, Петр Сегрт, Ҳаким Фузайлов, Дилшод Восиев, Тоҳир Муминов ва Нуъмонҷон Юсупов.
ФФТ ваъда додааст, ки ояндаи наздик номи сармураббии навро эълон мекунад, зеро то вохӯриҳои ҳалкунандаи даври интихобии Ҷоми Осиё-2027 камтар аз як моҳ боқӣ мондааст: октябр – ду бозӣ муқобили Малдив, ноябр – бозӣ дар сафар бо Тимори Шарқӣ ва моҳи марти соли 2026 – бозӣ дар майдони худ бо Филиппин.


