Ёвари додситони вилояти Хатлон гуфт, Мадина Ҳалимова, зане, ки 3 моҳ пеш худ ва 4 кӯдакашро ба дарё андохта буд, “баъди дидани паёмак дар телефони шаҳвараш, аз рӯйи рашк, қасди ҷони фарзандони худро кардааст”.
Ин зан рӯзи 9-уми октябр бо ҳукми додгоҳ барои одамкушӣ гунаҳкор дониста шуда, 20 сол равонаи зиндон шуд.
Варқаи Заёниддин, ёвари додситони Хатлон бо истифода аз маводҳои тафтишотии ин парванда бархе ҷузъиёти ин ҳодисаро ба “Азия-Плюс” нақл кард.
“Бегоҳии рӯзи 29 июни соли 2025 шавҳари зан Қудратулло Шарифов аз туйи писари амааш омадааст. Баъди чанд соат бо мошин ба сари заминҳояш рафтааст. Шарифов тахминан соати 22:00 ба хона баргаштааст ва Мадина Ҳалимова ба ӯ хӯрок омода кардааст. Тахминан соати 01:00 ба телефони шавҳараш, ки аз номи зане бо номи Марям паёмак омадааст. Баъди дидани ин паёмак Ҳалимова аз ҳиссиёти рашк вақте, ки шавҳараш хоб буд, 4 фарзандашро аз хоб бедор карда, бо мақсади қасди ҷони худ ва кӯдаконаш ба лаби дарёи Сурхоб, ки 150-200 метр аз хонааш дуртар аст, рафтааст”,-гуфт намояндаи додситонии Хатлон.
Ба гуфтаи ин масуъли додситонии вилоят, Мадина Ҳалимова нахуст кӯдакони хурдсолаш Латофат Абдуллохонзодаи 5-сола, Зайнаб Абдуллохонзодаи 3-сола, Ёсамин Абдуллохонзодаи 2-соларо ба дарё андохта, баъдан Муҳаммад Шарифзодаи 2-моҳаро ба оғӯш гирифта худро ба дарё партофтааст. Каме поинтар "ҷон ширин"-и карда, худаш аз об берун шуда, кӯдакон ғарқ шудаанд.
Дар тафтишот худи Мадина Ҳалимова, шавҳараш Қудратулло Шарифов ва хешованди онҳо гуфтаанд, ки зиндагии якҷояи онҳо хуб буд ва байни зану шавҳар муноқишае сурат нагирифтааст.
“Шавҳари зан зимни тафтишоти пешакӣ гуфт, ки рӯзи 30-юми июни соли 2025 тахминан соати 4:00-и субҳ аз хоб бедор шуда зану фарзандонашро дар хона надидааст. Дар аввал фикр кардааст, ки ҳамсараш ба хонаи модараш, ки дар ҳамсоягияшон аст рафтааст. Аммо вақте ба айвон мебарояду пояфзолҳои кӯдаконашро мебинад ҳайрон шуда, ба ҷустуҷӯи онҳо сар мекунад. Вале онҳоро пайдо накарда, аз пушти ифтихорномаи яке аз кӯдакон, номаи занашро меёбад, ки дар он Ҳалимова аз шавҳараш узр пурсидааст. Баъди ин ӯ ба бародараш ва шуъбаи корҳои дохилӣ хабар додааст”,- мегӯяд Варқа Зайниддинов.
Ин масъули додситонӣ нагуфтааст, ки зан дар номааш мушаххас чӣ навшта, узр пурсидааст. Ҳамчунин, тасдиқи ин гуфтаҳои тавассути манобеи дигар ғайриимкон аст.
Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта, Ҳабибулло Сайдализода, додраси парвандаи Мадина Ҳалимова ба “Азия-Плюс” гуфт, ки сабаби ба дарё андохтани худ ва чаҳор кӯдак аз сӯи ин зан “рашки зиёд ва мушкили равонӣ” аст.
“Аз ҳисоби рашк, ки гӯё шавҳараш зани дуюм дошта бошад, ба чунин амал даст задааст. Лекин ин гуфтаҳо исботи худро наёфтанд. Баъдан, Мадина Ҳалимова бемории руҳии ирсӣ надошта, беморе будааст, ки каме асабӣ шавад, он авҷ мегирад. Ин аз нигоҳи тиббӣ исбот шуд”, – гуфта буд ӯ.
Ба қавли додраси парванда, дар пайи ин ҳодиса, дар аввал нисбати шавҳари зан ҳам парванда боз шудааст, вале “бо сабаби исбот нашудан” парвандаи ӯ қатъ гардидааст.
Назари зан ва пайвандони ӯ дар робита ба ҳукми додгоҳ ва гуфтаҳои додрас ва ёвари доситон маълум нест.
Қаблан шавҳар ва наздикони Ҳалимова дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” иддао карданд, ки “бемории рӯҳӣ” доштани зан сабаби ба ин кор даст задани ӯ шудааст. Вале вакили дифои Ҳалимова, инро рад карда, гуфта буд, “сабаби ба ин кор даст задани ӯ рашки зиёд аст”.
Шаби 29 ба 30-юми июни соли равон Мадина Ҳалимова бо чаҳор кӯдакаш худро ба дарё партофт. Каме поинтар худаш аз дарё берун шуд, вале кӯдаконро об бурд. То ҳол ҷасади се фарзанди хурдсоли ӯ пайдо шуда, ҷустуҷӯи як тифли 5-солаи дигар идома дорад.
Ин ҳодиса замоне пурбаҳс шуд, ки он замон як зани дигар аз ноҳияи Қубодиён 3 кӯдакашро бо корд захмӣ кард, ки дертар яке аз тифлон даргузашт. Ин зан ба 28 соли зиндон маҳкум гардид.


