Нимсолаи аввали соли равон 21048 ҷинояти аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда мавриди тафтиш қарор гирифтааст, ки 10% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба “Интерфакс” роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия Александ Бастрикин хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 6 моҳи соли 2022 аз ҷониби муҳоҷирони ғайриқонунӣ 1685 ҷиноят содир шудааст.
“Соли гузашта аз ҷониби муҳоҷирони корӣ (қонунӣ) қариб 8 ҳазор (7 910 адад) ҷиноят ва аз ҷониби муҳоҷирони ғайриқонунӣ зиёда аз 2,8 ҳазор ҷиноят содир шудааст. Соли 2021 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамагӣ 36 ҳазору 420 ҷинояти аз ҷониби хориҷиён содиршударо тафтиш кардаанд, ки 6% зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад”, – иброз доштааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Бастрикин зикр кардааст, ки ҳолатҳои аз ҷониби муҳоҷирон содир гардидани ҷиноятҳои вазнин ва ниҳоят вазнин аз қабили куштор, таҷовуз ба номус, рабудани одамон ва таблиғи рӯҳияи ифротгароӣ зиёд мешавад.
“Ҳамаи ин ҷомеаро нигарон мекунад. Одамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо дар ин бора навишта, дархост мекунанд, ки ба ин ҳолатҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад”, – гуфтааст роҳбари Кумита.
Ба гуфтаи Бастрикин, аксарияти ҷиноятҳо аз ҷониби муҳоҷирони синнусоли миёна ва афроде, ки бекору сарчашмаи доимии даромад надоранд, содир карда мешаванд.
Яке аз сабабҳои чунин ҳолатро Бастрикин чунин шарҳ додааст, ки бисёр вақт муҳоҷирон бидуни шартномаи меҳнатӣ ба корҳои ғайритахассусӣ ва маошаш паст ҷалб шуда, аксаран корфармоҳо ба онҳо аз маблағи гапзаноншуда камтар музди меҳнат медиҳанд.
“Аз ин рӯ, муҳоҷирон мехоҳанд, ки мустақилона тариқи роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ ин мушкилро ҳал кунанд, ки ба содир намудани ҷиноятҳо боис мегардад”, – илова кардааст ӯ.