Шариф Назаров, собиқ сармураббии тими милии Тоҷикистон ва мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик даргузашт

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ӯ пас аз бемории вазнин имрӯз, 30-юми декабр, дар 80-солагӣ вафот кардааст. Ӯро пас аз нисфирӯзии имрӯз, баъди хондани намози пешин, дар масҷиди Сари Осиё ҷаноза мекунанд ва ба хок месупоранд. Шариф Назаров ҳамчун футболбоз кам дар майдон буд, вале аз мутахассисони маъруфи футболи тоҷик ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, зери […]

Asia-Plus

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ӯ пас аз бемории вазнин имрӯз, 30-юми декабр, дар 80-солагӣ вафот кардааст.

Ӯро пас аз нисфирӯзии имрӯз, баъди хондани намози пешин, дар масҷиди Сари Осиё ҷаноза мекунанд ва ба хок месупоранд.

Шариф Назаров ҳамчун футболбоз кам дар майдон буд, вале аз мутахассисони маъруфи футболи тоҷик ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, зери сармураббигии ӯ дастаи миллии Тоҷикистон соли 2006 Ҷоми даъвати КФО-ро соҳиб шудааст.

Ҳамчунин, таҳти роҳбарии ин мутахасс дастаи “Помир”-и Душанбе дар замони Иттиҳоди шӯравӣ соли 1988 дар лигаи якум ғолиб омада, ба лигаи олии Иттиҳоди Шӯравӣ роҳ ёфта буд.

Бо роҳбарии Шариф Назаров “Помир” ду бор қаҳрамони Тоҷикистон (1992 ва 1995) ва барандаи Ҷоми кишвар (1992) шуд. Ӯ дар солҳои 1994-1995 сармураббии дастаи “Навбаҳор” –и Ӯзбекистон буд.

Соли 1997 ба Тоҷикистон баргашт ва сармураббии “Помир” таъйин шуд. Зери роҳбарии ӯ, ҳамчунин, дастаи “Варзоб”-и Душанбе ду бор (1999 ва 2000) қаҳрамони Тоҷикистон ва як бор (1999) барандаи Ҷоми кишвар шудааст.

Солҳои 2001-2002 сармураббии дастаи “Фаррух”-и Ҳисор, солҳои 2003-2005 сармураббии “Авиатор” (баъдан “Парвоз”)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2006-2007 сармураббии “Хима”-и Душанбе буд.

“Авиатор” бо роҳбарии ин мураббии пуртаҷриба ду бор (2003, 2004) соҳиби медали биринҷӣ шуда, як дафъа (2004) Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Шариф Назаров хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва мактаби олии мураббиёни шаҳри Маскав ва мураббии шоистаи Тоҷикистон буд. Ӯ ягона намояндаи аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки унвони “Мураббии шоистаи СССР”-ро дошт.

Шариф Назаров аз моҳи июни соли 2009 раиси бошгоҳи футболи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода буд. Баъдан дар Душанбе мактаби футболи Шариф Назаров таъсис ёфт, ки ӯ ҳамроҳи шогирдонаш ба тарбияи футболбозони наврас машғул буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.