Ҳабибулло Назарзода, раиси Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 28-уми январ гуфт, ки роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе – Лондон – Душанбе бинобар фоидаовар ва худкифо набудани он ҳоло имкон надорад.
Як сол пеш, дар нишасти матбуотии Оҷонсӣ гуфта шуда буд, ки байни Душанбе ва Лондон хатсайри ҳавоӣ ба роҳ монда мешавад. Дар назар буд, ки парвозҳо аз ҷониби ширкати ҳайвопаймоии “Сомон Эйр” иҷро мешаванд.
Дар доираи созишнома байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир ду вариант пешбинӣ шуда буд: хатсайри мустақими Душанбе – Лондон – Душанбе ва хатсайри ҷойгузин тариқи Тифлис.
Моҳи январи соли 2025 Ҳабибулло Назарзода изҳор дошта буд, ки агар хатсайр бо мусофирон комилан пур нашавад, хатсайри алтернативӣ роҳандозӣ мекунанд.
“Парвози аввал пешбинӣ гардида буд, вале талаботи мусофирон ба он дар сатҳи зарурӣ қарор надошт. Аз ҳисоби "секунҷа" ба хатсайри Душанбе – Лондон тариқи Тифлис ҳамагӣ 3 билет фурӯхта шуд”, – шарҳ дод Назарзода.
Ӯ ҳамчунин, ба душвории масъалаи реҷаи раводид ишор намуда, зикр кард, ки протоколи дахлдор ба имзо расида, бо дипломатҳои Британияи Кабир гуфтушунид ҷараён дорад.
Ҳабибулло Назарзода илова кард, ки ба ҷониби Британия низ пешниҳод шудааст, ки ба Тоҷикистон тариқи хатсайрҳои ҳавоӣ парвозҳо анҷом диҳанд.


