Дар радабандии ҷаҳонии вобастагӣ ба воридот, Тоҷикистон зинаи 81-умро касб кард. Бино ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, соли 2023 ҳаҷми воридоти молу хидматрасонӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 48,4% -ро ташкил дод, ки аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ ба таври назаррас баландтар буда, аз вобастагии зиёди кишвар ба интиқол аз хориҷа гувоҳӣ медиҳад.
Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ки дар радабандии Visual Capitalist нашр шудааст, қариб нисфи иқтисоди кишвар ба воридот марбут аст.
Барои муқоиса, нишондиҳандаи сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ 28,2% нисбат ба ММД-ро ташкил медиҳад. Ин чунин маъно дорад, ки дар муқоиса бо бисёре аз кишварҳо Тоҷикистон бештар ба воридоти молу хидматрасониҳо аз хориҷа вобаста аст.
Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ зикр мекунанд, ки барои кишваре, ки роҳи баромад ба баҳр надораду заминаи саноатиаш маҳдуд аст, чунин вазъият аксар вақт табиӣ мебошад.
Тоҷикистон аксаран сӯзишворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, мошин ва таҷҳизоти саноатӣ ворид мекунад, ки истеҳсоли онҳо дар дохили кишвар душвор ва аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар нест.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои иқтисодашон бештар вобаста ба воридоти қарор гирифта, танҳо Қирғизистон аз ҷумҳурии мо болотар меистад. Қирғизистон мақоми 17-умро касб карда, ҳаҷми воридоташ ба 84,2% нисбат ба ММД баробар аст. Бо ин нишондиҳанда Қирғизистон дар сафи яке аз кишварҳои вобастатарини ҷаҳон ба воридот на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон ҷойгир шудааст.
Ӯзбекистон нисбатан устувор ба назар мерасад: соли 2024 ҳиссаи воридот дар иқтисоди он 38% нисбат ба ММД-ро ташкил дод.
Қазоқистон, ки дорои захираҳои назарраси табиӣ ва соҳаи рушдёфтаи содиротӣ мебошад, пасттарин нишондиҳанда дар Осиёи Марказиро нишон дод – 25,5 нисбат ба ММД.
Туркманистон бо нишондиҳандаи 11,2% нисбат ба ММД дар зинаи охири радабандӣ қарор гирифт, ки ин ба пӯшида будани иқтисод ва таваҷҷуҳ ба истеҳсолоти худӣ, инчунин содироти нерӯву захираҳо марбут аст.
Дар зинаҳои аввали радабандии ҷаҳонӣ Гонконг, Люксембург, Сан-Марино ва Сингапур қарор доранд. Ин асосан марказҳои бузурги савдо ва молиявӣ мебошанд, ки тариқи онҳо ҳаҷмҳои бузурги мол интиқол ёфта, қисмати назарраси онҳо баъдан ба кишварҳои сеюм (реэкспорт) фиристода мешавад. Маҳз барои ҳамин ҳиссаи воридот дар ММД-и онҳо зиёда аз 100%-ро ташкил медиҳад.
Дар охири рӯйхат Судон, Венесуэла ва Таркманистон ҷойгир шудаанд. Нишондиҳандаҳои пасти ин кишварҳо ё пӯшида будани иқтисод, ё маҳдудиятҳои ҷиддӣ дар савдои берунаро нишон медиҳанд.
Ба сурати умум, минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ соли 2024 сатҳи миёнаи вобастагӣ ба воридотро дошт – 41,4%. Дар ин пасманзар мвақеи Тоҷикистон наздик ба нишондиҳандаи миёнаи минтақавӣ, лекин ба ҳар ҳол, бештар осебпазир дар муқоиса бо иқтисодҳои бузургтарини Осиёи Марказӣ ба назар менамояд.
Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таъкид месозанд, ки ҳиссаи баланди воридот худ ба худ омили манфӣ нест. Аммо дар шароити болоравии шиддати сиёсати ҷаҳонӣ (геополитика), тағйирёбии нархҳо ва ноҷуриҳо дар занҷираҳои таҳвил, он хавфҳо барои устувории иқтисодро тақвият медиҳад.
Барои Тоҷикистон ин муҳим будани рушди истеҳсолоти дохилӣ, баланд бардоштани истиқлоли энеретикӣ ва густариши ҳамкории минтақавиро таъкид месозад.









