Ду хабарнигори “Азия-Плюс” – Меҳрофарин Наҷибӣ ва Пайрав Чоршанбиев барандаи ҷойҳои аввали озмуни “Иқтисод ва саводи молиявӣ: забоне, ки ҳама мефаҳманд” шуданд ва Олга Тутубалина, сармуҳаррири расона барои ҷасорати рӯзноманигорӣ, ҷоизаи ба номи Бӯриниссо Бердиеваро ба даст овард.
Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик аз сӯи Эътилофи миллии занони рӯзноманигори Тоҷикистон бо сарпарастии “Фридом бонк”-и Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.
Меҳрофарин Наҷибӣ барои мақолаи “Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?” дар бахши “Беҳтарин маводи чандрасонаӣ” ва Пайрав Чоршанбиев барои мақолаи “Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд” дар бахши “Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ” сазовори ҷойҳои аввал ва ҳар кадом соҳиби ҷоизаи пулӣ шуданд.
Меҳрофарин Наҷибӣ, рӯзноманигори ҷавони “Азия-Плюс”, ки 25 сол дорад, беш аз 3 сол инҷониб ҳамчун хабарнигор дар расонаи “Азия-Плюс” фаъолият дорад. Ӯ аз соли 2019 дар риштаи рӯзноманигорӣ кор мекунад ва асосан бо оростани мусоҳиба худро чун рӯзноманигор муаррифӣ кардааст.

Пайрав Чоршанбиев рӯзноманигор ва шореҳи иқтисодии Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” буда, 56-сола аст ва таҷрибаи кории қариб 20-сола дар “Азия-Плюс” дорад. Ӯ асосан хабарҳои марбут ба соҳаи иқтисодро пӯшиш дода, дар ин ришта мақолаҳои таҳлилӣ таҳия мекунад.

Олга Тутубалина яке аз журналистони шинохтаи русзабони Тоҷикистон аст, ки беш аз бисту панҷ сол инҷониб дар ин соҳа фаъолият мекунад. Ӯ дар навиштани маводҳои таҳлилӣ ва оростани мусоҳиба бо шахcиятҳои шинохта ҳунар дорад.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” 30 сол инҷониб дар фазои кишвар фаъолият мекунад. Он имрӯз ҳафтанома, радио ва оҷонсии иттилоотиро муттаҳид мекунад ва барои миллионҳо мухотаби худ бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мӯҳтавои босифат ва боэътимод таҳия ва пешниҳод менамояд.
Боз киҳо соҳиби ҷоиза шуданд?
Ҳамчунин дар бахшҳои гуногун нафарони зерин соҳиби ҷоизаҳои озмун гардиданд:
Дар бахши “Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ” ҷойи дуюмро Лилия Гайсина, рӯзноманигори мустақил ва ҷойи сеюмро Нилуфар Усмонова, рӯзноманигори “Вечёрка” соҳиб шуданд.
Дар бахши “Беҳтарин маводи чандрасонаӣ” ҷойи дуюм ба Нисо Расулова, рӯзноманигори мустақил ва ҷойи сеюм ба Карина Олимова, рӯзноманигори мустақил супорида шуд.

Фурқати Низом, рӯзноманигори телевизиони “Сафина” дар бахши “Беҳтарин гузориши наворӣ” мақоми аввалро соҳиб шуд. Дар ин бахш Ӯғулой Раҷабова, рӯзноманигори телевизиони “7 Ситора”-и Хуҷанд ҷойи дуюм ва Саидахон Раҳимова, рӯзноманигор ва продюсери телевизиони “Ҷаҳоннамо” ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Дар бахши “Беҳтарин мусоҳиба” бошад мақоми аввал насиби Хуршед Атовулло, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик гардид. Лайло Қосимова, рӯзноманигори оҷонсии “Ховар” ва Кристина Бородовко, муҳаррири сомонаи “Диалог тҷ” мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюми ин бахшро гирифтанд.
Фирӯза Сатторӣ, сармуҳарирри сомонаи “Оила” ҷоизаи махсуси “Фридом бонк”-и Тоҷикистонро гирифт.
