ВМКБ ва Хатлон нақшаро иҷро карданд. Боз кадом шаҳру навоҳӣ аз анҷоми нақшаи даъват ба артиш хабар доданд?

asia+

Маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон ду моҳ идома мекунад.

Имрӯз, 1-уми апрел дар рӯзи якуми мавсими баҳории даъват ба хидмати ҳарбӣ, ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва вилояти Хатлон аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд. Ҳатто шаҳри Бохтар як рӯз қабл аз оғози мавсими даъват аз иҷрои нақша иттилоъ дод.

Нахуст, ВМКБ эълон кард, ки шаҳру ноҳияҳои ин вилоят нақшаи даъватро 100% иҷро кардаанд. Солҳои гузашта ҳам ин вилоят аз иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар рӯзи якуми маърака хабар дода буд.

Акс аз ҳукумати ВМКБ

Ҳамчунин, ҳукумати вилояти Хатлон низ имрӯз аз 100% иҷро шудани нақшаи даъват хабар дод. Шаҳри Бохтар як рӯз қабл аз оғози мавсими даъват аз иҷрои нақша иттилоъ дода буд. Давлаталӣ Саид, раиси вилоят дар ин маросим “ба ҳамаи волидайн ва омӯзгорони даъватшавандаҳо барои тарбияи чунин ҷавонмардони шуҷоъ” изҳори сипос кард. Соли гузашта ҳам ин вилоят нақшаи даъват ба хидматро дар рӯзи аввали маърака иҷро карда буд.

Акс аз ҳукумати вилояти Хатлон

Ҳамчунин, ноҳияи Тоҷикобод, аз гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт низ аз иҷрои нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ дар рӯзи аввал гузориш доданд.

Маълум нест, ки нақшаи иҷрои даъват ва сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе чанд дарсад иҷро шуд. Аз Вазорати мудофиаи кишвар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, “ҳоло дар бораи иҷрои нақшаи даъват ба Қувваҳои мусллаҳ дар сатҳи ҷумҳурӣ омори дақиқ гуфта наметовнем”.

Акс аз саҳифаи ҳукумати Тоҷикобод

Мақомот иҷрои нақша дар рӯзи аввали маъракаи даъват ва як рӯз қабл аз оғози онро “афзоиши ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ” арзёбӣ мекунанд. Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд.

Ҳамасола бо шуруъи маъракаи давъати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гуфта мешавад.

Ҳамчунин, ҳар сол бо оғози мавсими даъват ба хидмати ҳарбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои латукӯби сарбозон паҳн мешуд ва аз боздошти иҷбории ҷавононписарон аз сӯйи нафарони номаълум дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардида, вокуниши ҷомеаро ба вуҷуд оварда буд.

Мақомот вуҷуди “облава”- ро ҳамеша рад мекунанд. Аммо мегӯянд, ки дар ҳолати баъди гирифтани даъватнома ҳозир нашудани ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ, мақомоти пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Бояд гуфт, ахиран пайвандони Абдуқаҳҳор Нурзода, сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон, ки фарзандашонро дар қисми низомӣ латукӯб кардаанд, ба “Азия-Плюс” шикоят оварданд. Ин ҷавони 18-сола як моҳ дар беморхонаи низомии Душанбе бистарӣ шудааст.

Бо тафсилоти қазия ва назари тарафҳо дар ин гузориши “Азия-Плюс” шинос шавед: “Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ.

Бар асоси фармони раисҷумҳур, ин мавсим ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) ба артиш даъват мешаванд ва ин мавсими даъват то 31-уми май идома мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки...

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон боз дар сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?