Оҷонсии ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳиити зисти Тоҷикистон радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir”-и Швейтсария дар бораи ифлос будани ҳавои Тоҷикистонро шарҳ дода, гуфтааст, “раддабандии “IQAir”-ро наметавон нодида гирифт, аммо онро ҳамчун арзёбии пурраи сифати ҳаво дар тамоми қаламрави Тоҷикистон низ қабул кардан дуруст нест”.
Чан рӯ пеш, пажуҳишгоҳи “IQAir”, ки ба омӯзиши ҳамарӯзаи сифати ҳаво дар ҷаҳон машғул аст, дар як гузориши худ навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистонро аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ бо нишондиҳандаи 57,3 мкг/м³ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.
Оҷонсии ҳавошиносӣ, имрӯз, 4-уми апрел бо нашри як иттилоия гуфтааст, зарур аст, ки чунин баҳогузориҳо ба шарҳи мутавозин, аз лиҳози илмӣ асоснок ва касбӣ арзёбӣ шавад.
“Раддабандии мазкур дар асоси консентратсияи миёнаи солонаи заррачаҳои хурди дисперсион андозаашон 2,5Мкр (PM2.5) таҳия гардида, ҳамаи омилҳои таъсиррасон ба сифати ҳавои атмосфериро дар қаламрави кишвар пурра инъикос намекунад”, – гуфтааст ин ниҳод.
Ҳамчунин дар иттилоия зикр мешавад, ки дар чунин шароити радабандӣ нишондиҳандаҳои кишвар аз маълумоти шумораи ками нуқтаҳои ченкунӣ гирифта шудаанд, махсусан аз нуқтаҳое, ки дар минтақаҳои таъсири партовҳои шаҳрӣ ва интиқоли чангу ғубор насб гардидаанд. Ин маънои онро дорад, ки баровардани хулосаҳои фарогир барои тамоми кишвар танҳо дар асоси маълумоти нисбатан ками нуқтаҳои сифати ҳаво аз нигоҳи методологӣ пурра дуруст нест.

“Бояд ба назар гирифт, ки ҷойгиршавии кишварҳо дар раддабандии байналмилалӣ на танҳо аз вазъи воқеии экологӣ, балки аз пуррагӣ, зичӣ ва шабакаи мушоҳидавии сифати ҳаво низ вобаста мебошад. Дар ҳолати маҳдуд будани шумораи нуқтаҳои мониторинг, нишондиҳандаи ниҳоӣ метавонад ба маълумоти истгоҳҳои алоҳида ё нуқтаҳои шаҳрӣ вобастагӣ дошта бошад ва дар ин ҳолат наметавон тамоми қаламрави давлатро пурра инъикос намуд”, – гуфтааст Оҷонсии ҳавошиносии кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Ин ниҳод зикр мекунад, ки сарчашмаи маълумоти раддабандишуда ғайрирасмӣ буда, он ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ комилан мутобиқат намекунад. Аз ҷумла, дар иттилоъ омадааст, ки соли 2025 дар таркиби ҳавои шаҳри Душанбе консентратсияи PM2.5 бо нишондоди 57,3 (мкг/м3) ба қайд гирифта шудааст, ки аз меъёри пешниҳоднамудаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (5мкг/м3) 11,5 маротиба зиёд мебошад.
“Айни замон дар Агентии обуҳавошиносӣ аз рӯи меъёрҳои пешниҳоднамудаи давлатҳои ИДМ, ки дар кишвар қабул гардидааст, маълумот коркард мешавад. Тибқи пешниҳоди ин меъёрҳо қимати миёнаи рӯзона ва моҳонаи зарачаҳои 2,5мкр 35 мкг/м3 қабул гардидааст, ки он танҳо аз меъёр 1,17 маротиба зиёд мебошад”- гуфтааст ин ниҳод.
Оҷонсии ҳавошиносӣ гуфтааст, ки бо пешниҳоди маълумоти миқдори ками стансияҳои сифати ҳаво, ки танҳо дар шаҳри Душанбе мавҷуд мебошад, баҳогзории тамоми ҷумҳурӣ ба ҳақиқат мувофиқат нест Барои баҳогузории пурраи сифати ҳаво дар асоси дастурамалҳо меъёрҳои муосир, шароити ҷуғрофӣ ва ҳудуди фарогири мушоҳидавӣ бояд ба инобат гирифт шаванд.
“Раддабандии “IQAir”-ро наметавон нодида гирифт, аммо онро ҳамчун арзёбии комилан пурраи сифати ҳаво дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қабул кардан дуруст нест. Раддабандии мазкур мавҷудияти мушкилоти ҷиддиро бо заррачаҳои андозаашон 2,5Мкр (PM2.5) нишон медиҳад, аммо барои хулосаҳои дақиқ зарур аст, ки мониторинги васеъ, инчунин муқоисаи маълумоти байналмилалӣ бо мушоҳидаҳои миллӣ ва таҳлили манбаъҳои ифлосшавӣ анҷом дода шавад”, – гуфтааст Оҷонсии ҳавошиносии кишвар
Ин ниҳод гуфтааст, ки раддабандии байналмилалӣ бояд ҳамчун маводи таҳлилии роҳнамо истифода шуда, бо маълумоти миллии мониторинг, шароити обуҳавошиносӣ ва манбаъҳои ифлосшавӣ муқоиса гардад. Танҳо таҳлили дақиқ вазъи воқеии ҳаворо дар ҷумҳурӣ пурра нишон медиҳад.
Қаблан, низ мақомоти Тоҷикистон гузоришҳои созмонҳои ҷаҳонӣ дар бораи сифати бади ҳаво дар кишварро эътироф намекарданд. Аз ҷумла, Баҳодур Шерализода, раиси кумитаи ҳифзи муҳити зист дар нишасти матбуотии моҳи январи соли равон гуфт, “радабандиҳои ҷаҳонӣ дар бораи сифати ҳавои Тоҷикистон воқеъбинона нестанд ва баъзеи онҳо манбаъи маълумот” надоранд.


