Дар Тоҷикистон ба сӯзишворӣ боҷи экологӣ ҷорӣ мекунанд. Чаро коршиносон инро тавсия намедиҳанд?

Ва бар асари ин нархҳо то чӣ андоза метавонанд боло раванд?

Пайрав Чоршанбиев, asia+

Ҳукумати Тоҷикистон барои воридоти сӯзишворӣ – нафту газ ва ангишт боҷи экологӣ ҷорӣ мекунад. Ин чӣ гуна метавонад ба арзиши ниҳоии сӯзишворӣ таъсир расонад ва истеъмолгарониро одиро чӣ гуна оқибатҳои интизор буда метавонанд.

Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйирот ба қонун “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”-ро маъқул донистанд. Мувофиқи он, зимни воридоти сӯзишвории минералӣ (коркардшуда) ба кишвар пардохти экологӣ ситонида мешавад.

Ба сӯзишвории дизелӣ нафт ва маҳсулот аз он, гази табиӣ, ангишт ва баъзе дигар маводи сӯзишвории табиӣ мансубанд, ки аз қаъри замин истихроҷ мешаванд.

Вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода зимни муаррифии лоиҳа ба вакилон зикр кард, ки барои сода кардани ҷараёни ҷамъоварии ин пардохтҳо, пешниҳод шудааст, ки онҳо бевосита аз воридкунандагони молу мавод зимни овардани он ба қаламрави Тоҷикистон гирифта шаванд, менависад газетаи парлумонии “Садои мардум”.

Ба истилоҳи дигар, ин пардохтҳо ба андозҳои хориҷӣ дохиланд, ки ба ҷамъоварии он Хадамоти гумрук машғул аст.

“Ҳадафи асосии таҳияи лоиҳаи Қонуни мазкур такмил додани низоми пардохтҳои экологӣ, аз ҷумла барои воридоти сӯзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо, инчунин, дастгирии ихтироъкорон дар кишвар мебошад”, – иброз дошт вазир.

Акс аз бойгонии asia+

Қобили зикр аст, ки қабули тағйирот ба қонун дар палатаи поёнии парлумон бояд аз ҷониби палатаи болоӣ маъқул шуморида шуда, барои имзо (тасдиқ) ба президент фиристода шаванд.

Дар ҳамин ҳол, қаблан дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия қарори ҳукумати ҶТ “Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда” нашр шуд. Меъёри пардохти экологӣ мувофиқи ин санад “барои воридоти cӯзишвории маъданӣ (минералӣ), нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо, ҷинсҳои битумӣ ва мумҳои маъданӣ” ба 30 евро (331 сомонӣ тибқи қурби расмии БМТ дар рӯзи 27.04.2026 сол) баробар аст.

Дар ҳуҷҷат саҳеҳ зикр мешавад, ки пардохти экологӣ як маротиба зимни воридот бидуни ҷамъоварии минбаъдаи маблағ барои истифодаи сӯзишворӣ ситонида мешавад.

Пардохти экологӣ маблағест, ки ширкат ё шахсон барои истифодаи захираҳои табиӣ ё ифлоскунии муҳити зист месупоранд. Ин маблағ маъмулан ба барқарор сохтани табиат ва ҳифзи экология равона мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ширкатҳои вроидкунандаи сӯзишворӣ ба ҷуз пардохти боҷи гумрукӣ ва ААИ, инчунин андози аксизӣ месупоранд. Ин навъи андоз аз истеҳсолкунандагону таҳвилгарон ва фурӯшандагони молу маҳсулоте ситонида мешавад, ки ба солимии одамон ва муҳити зист зарароваранд, аз ҷумла машрубот, тамоку, нафт ва ғайра. Меъёри аксизҳо ба маводи сӯзишворӣ моҳи майи соли гузашта боло бурда шуда, айни замон бо ҳаҷмҳои зерин амал мекунанд:

Инфографика asia+

Дар охир истеъмолгари ниҳоӣ пардохт мекунад

Тоҷикистон барои таъмини талаботи худ қариб пурра ба воридоти сӯзишвории маъданӣ вобаста аст, агар истихроҷи дохилии ангишт, инчнуин гази табиӣ ва нафтро дар ҳаҷми начандон зиёд ба назар нагирем.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, соли 2025 ба ҷумҳурӣ ҳудуди 1,7 млн тонна маводи сӯзишваорӣ ва равғанҳои молиданӣ ворид шудааст.

Ин ҳаҷм ба буҷети ҷумҳурӣ зиёда аз ним миллиард даромад оварда метавонист, агар пардохти экологӣ бо меъёри 30 евро амал мекард. Маблағи мазкур тақрибан ба 1%-и даромади буҷет дар соли гузашта баробар аст, ки ҳарчанд начандон назаррас бошад, ҳам як илова аст.

Воридкунандагони сӯзишворӣ мегӯянд, ҳама гуна хароҷоти иловагӣ ба дӯши истеъмолгарони ниҳоӣ вогузор мешавад, зеро даромади онҳо бе ин ҳам чандон зиёд нест – гӯё на зиёдтар аз 10%.

Ба ҳар ҳол, мақомот аллакай тасдиқ карданд, ки мефаҳаманд: дар охир ба истеъмолгарони ниҳоӣ зиёдтар пардохт кардан лозим меояд.

Вазири молия зикр кард, ки дар аввал ситонидани андоз аз сӯзишворӣ аз ҳар як воситаи нақлиёт дар назар буд, сарфи назар аз тамға, иқтидори муҳаррик ва ҳаҷми партовҳо. Аммо баъдтар ба гуфтаи ӯ, “бо назардошти таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя ва шарикони рушд” тасмим гирифта шуд, ки пардохти экологӣ нисбат ба сӯзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти он, инчунин битум ва мумҳои маъданӣ ҷорӣ карда шавад.

Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонии asia+

Нарх ба сӯзишворӣ то кадом андоза метавонад боло равад?

Барои фаҳмидани он, ки пардохти экологӣ то кадом андоза метавонад ба нархи навъҳои асосии сӯзишворӣ таъсир расонад, муаайян кардан лозим аст, ки аз як тонна чӣ қадар литр ҳосил мешавад.

Як тонна бензин 1350 литр, сӯзишвории дизелӣ – 1190 литр ва гази моеъ – 1850 литрро ташкил медиҳад.

Мутаносибан, агар пардохти иҷтимоӣ пардохти экологӣ бо меъёри3 0 евро (3000 сент) ба ҳар як литри як тонна тақсим шавад, натиҷаҳои зерин ҳосил мешавад:  

— бензин — 2,2 сент (25 дирам тибқи қурби БМТ ба санаи 20.04.2026) ба 1 литр;

— сӯзишвории дизелӣ — 2,5 сент (28 дирам);

— гази моеъ — 1,6 сент (18 дирам).

Ба ин тариқ, пардохти экологӣ нархро ба ҳамаи навҳои сӯзишворӣ боло мебардорад, лекин на як хел: бештар аз ҳама сӯзишвории дизелӣ ва камтар аз ҳама – гази моеъ қимат мешавад.

Инфографикаи asia+

Таҷрибаи ҷаҳонӣ

Имрӯз дар таҷрибаи ҷаҳонӣ пардохтҳои экологӣ, ки маҳз зимни воридоти сӯзишвории маъданӣ – нафту газ ё ангишт ситонида мешаванд, қариб ки вуҷуд надоранд.

Ҳатто дар кишварҳои дорои сиёсати рушдёфтаи иқлимӣ механизмҳои дигар истифода мешаванд.

Ҳамин тавр, дар Иттиҳоди Аврупо механизми танзими карбонӣ дар марз ҷорӣ карда мешавад, аммо он ба сӯзишворӣ татбиқ нашуда, танҳо категорияҳои алоҳидаи маҳсулот, ба мисли металлургия, семент ва нуриҳо дохил карда шудаанд.

Дар ИМА пардохти федералии экологӣ ба воридоти нафту газ вуҷуд надорад. Дар Канада андози карбонӣ амал мекунад, лекин он дар марҳилаи истеъмол истифода мешавад. Дар Британияи Кабир механизмҳои ба ин монанд баррасӣ мешаванд, лекин ин ҷо низ сӯзишворӣ дохил карда нашудааст.

Дар НФС дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонии asia+

Дар кишварҳои Осиё – Чину Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ низомҳои назорати партовҳо амал мекунанд, аммо дар онҳо низ пардохтҳои экологии воридоти сӯзишворӣ пешбинӣ нашудааст.

Ба сурати умум, дар саросари дунё андозҳо ва аксизҳо аз сӯзишворӣ истифода шуда, лекин онҳо ҳам ба сӯзишвории воридотӣ ва ҳам дохилӣ дахл доранд ва маҳз ба марҳилаи воридот робита надоранд.

Мавҷуд набудани механизмҳои ба ин монанд бо якчанд сабабҳо шарҳ дода мешавад:

– вобастагии кишварҳо ба воридоти захираҳои энергетикӣ;

– хавфи болоравии нархҳо ба нерӯ (энергия);

– оқибатҳои имконпазири иҷтимоӣ;

– душвориҳо дар арзёбии осори карбонии сӯзишворӣ.

Ба ин тариқ, равиши дар Тоҷикистон пешниҳодшударо метавон ғайримуқаррарӣ шуморид.

Инфографикаи asia+

Оё ба ҷорӣ кардани пардохт шитоб мебояд кард?

Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки дар ҷорӣ намуданӣ пардохти экологӣ ба шитобкорӣ набояд роҳ дод.

Ба гуфтаи онҳо, ҳозир вазъ дар бозори нафт бе ин ҳам ноустувор аст ва пардохтҳои иловагӣ метавонанд танҳо фишор ба иқтисодро тақвият диҳанд.

“Дар чунин давраҳо кишварҳо маъмулан ба ҷорӣ намудани пардохтҳои нав шитоб намекунанд. Онҳоро ё мавқуф мегузоранд, ё тадриҷан ҷорӣ месозанд, вақте вазъият каме ба эътидол ояд”, – мегӯяд як таҳлилгар бидуни ифшои ному насаб.

Дар ҳамин ҳол, ин ҷо сари пурра рад шудани пардохти экологӣ сухан намеравад. Ба гумони ғолиб, бештар дар бораи интихоби фурсати қулай ва назорати он, ки чунин тадбирҳо дар дигар кишварҳо чӣ гуна кор мекунанд.

Хотиррасон шуд, ки ҳозир на танҳо сиёсати дохилӣ, балки вазъ дар ҷаҳон низ ба нархҳо таъсир мерасонад. Бар асари шиддати вазъият дар Ховари Миёна нафт аллакай гарон мешавад ва хавфе вуҷуд дорад, ки болоравии нархҳо идома меёбад.

“Агар ба ин ҳолат боз пардохти нав илова шавад, дар натиҷа гароншавӣ метавонад ба таври назаррас баландтар бошад”, – зикр кард ӯ.

Мутахассис ҳамчунин таъкид дошт, ки ҳатто болорави начандон зиёди нарх ба сӯзишворӣ бештар васеътар аз муқаррарӣ эҳсос мешавад. Зеро сӯзишворӣ қариб ба ҳама чиз – аз арзиши боркашонӣ то нархҳо ба маҳсулот таъсир мекунад.

Дар охир пардохт шудан аз ҷониби кӣ масъалаи ҷудогона аст. Ин ҷо коршиносон сари як ақидаанд: сарбории асосӣ ба дӯши истеъмолгарон меафтад.

“Воридкунандагон муддати зиёд нарххро аз ҳисоби худ нигаҳ дошта наметавонанд, бе ин ҳам фоидаи онҳо начандон зиёд аст. Аз ин рӯ, ҳама гуна хароҷоти нав дар нархҳои нуқтаҳои сӯзишворӣ таҷассум меёбад”, – мегӯянд намояндагони бозор.

Ҳамзамон мутахассисон зикр мекунанд, ки худ ба худ пардохти экологӣ ҳатман идеяи бад нест. Он метавонад муфид бошад, агар маблағҳои ҷамъоваришуда дарвоқеъ ҳам ба ҳифзи муҳити зист равона шаванд. Аммо масъалаи асосӣ ин ҷо маҳз кай ҷорӣ кардани он аст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки инро вақте ҷорӣ кардан беҳтар аст, ки нархҳо ба нафт устувор бошанд ё поин раванд. Дар ин ҳолат ин барои одамон ва тиҷорат камтар таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.