Дирӯз, 3-юми май, дар пайи раъду барқ дар деҳаи Кадучии шаҳри Турсунзода як нафар ҷон бохта, ду тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳодиса соати 16:05 рух дода, маҷруҳон ба беморхонаи марказии шаҳр интиқол ёфтаанд. Шахсият ва сину соли онҳо маълум нест.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ (КҲФ) хабар дод, ки дар пайи боришоти рӯзи гузашта дар чанд минтақаи Тоҷикистон, аз ҷумла, дар Ёвон, Варзоб, Деваштич, Ашт, Спитамен ва Хуҷанд сел омада, дар натиҷа заминҳои кишоварзӣ, хонаҳои сокинон, роҳҳо ва сохтмонҳо зарар дидаанд.
Ин ниҳод гуфт, ки бегоҳии рӯзи 3-юми май дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Ситораи сурхи ноҳияи Ёвон бар асари сел 14 замини наздиҳавлигӣ, сохтмонҳои ёрирасон ва 3 манзили зисти сокинон дар зери обу лой мондаанд. Инчунин дар деҳаҳои Оби Мукӣ ва Даштободи ин ноҳия 9 хона зарар дидааст.
Дар деҳаҳои Далён ва Даҳқати ноҳияи Деваштич дар пайи омадани сел роҳу кӯчаҳо, заминҳои наздиҳавлигӣ ва сохтмонҳо зери обу лой монда, 4 хона зарар дидааст.
Ҳамчунин дар деҳаҳои Ғусар ва Навободи шаҳри Панҷакент бар асари боришоти шадиди рӯзи гузашта сел омада, дар натиҷа заминҳои кишоварзӣ, роҳу сохтмонҳо ва шоҳроҳи Айнӣ–Панҷакент қисман зарар дидааст.

Дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт ва чанд ҷамоат дар ноҳияи Стипамен дар пайи омадани сел роҳу таҳхонаҳо, заминҳои кишт, сохтмонҳоро обу лойқа зер кардааст.
Тахминан соати 15:00-и рӯзи 3-юми май дар рӯди Сир заврақ бо 7 хонанда ва роҳбари синф, ки барои сайругашт рафта будаанд, чаппа шудаанд. КҲФ гуфтааст, ки онҳо сари вақт аз сӯйи кормандони ин ниҳод наҷот дода шудаанд.
Бегоҳии рӯзи гузашта дар маҳаллаи Шодоби ноҳияи Варзоб низ бар асари боришоти шадид чанд манзили зист, таҳхонаҳо, роҳу гузаргоҳҳо зери обу лой мондаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтааст, корҳои бартарафсозӣ идома дошта, ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад.
Дар се рӯзи гузашта селу обхезӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла, шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе харобиҳо дар пай дошт ва зиндагии сокинонро душвор кард. Дар Кӯлоб дар пайи омадани сел се кас ҷони худро аз даст дод ва се тани дигар маҷруҳ шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар обхезиву сели Кӯлоб, ки рӯзи 1-уми май рух дод, 850 оила зарар дидааст. Дар пайи ин ситоди ҷумҳуриявӣ барои бартарафсозии оқибатҳои селу обхезӣ дар ин шаҳр бо роҳбарии Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар таъсис ёфт. Сарвазир ба масъулин супориш дод, ки “аҳолии осебдида бо маводи сӯзишворӣ, оби ошомиданӣ ва нерӯи барқ сари вақт таъмин карда шаванд”. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки бояд корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табииро ҳарчӣ зудтар ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Бояд гуфт, ки ҳавошиносон ҳушдор доданд, ки то 4-уми май дар Тоҷикистон бориши борону омадани сел дар назар аст ва аз сокинон хостанд, ки эҳтиёткор бошанд.




