Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Пайрав Чоршанбиев, аsia+

Ҳукумати Тоҷикистон меъёри боҷҳои воридотии гумрукӣ барои серунсоз ва ё ҳавосоз (кондитсионер), қандил (люстра) ва дигар таҷҳизоти барқии равшанидиҳандаро боло бурд. Ин меъёр аз 1-уми июли соли 2026 мавриди амал қарор мегирад.

Қарори ҳукумат дар ин бора таҳти №209 рӯзи 28-уми апрели соли 2026 қабул шудааст. Тибқи он барои навъҳои ҷудогонаи дастгоҳҳо барои серунсоз меъёри боҷи гумрукӣ аз 5 то 15 евро (барои 1 дона) боло меравад.

Сухан дар бораи серунсозҳои деворӣ, сақфӣ, фаршӣ, назди тирезаҳо, инчунин ҳавосозҳои ҷудогонаи саноатӣ бо танзими худкори ҳарорат ва намнокӣ меравад.

Ба ин номгӯй, навъҳои алоҳидаи чароғҳо, ки барои истифода бо манбаъҳои диодии рӯшноӣ, инчунин маснуот аз пластики, сафол, шиша ва дигар мавод шомил мешаванд.

Дар қарор сабаби болоравии меъёрҳо зикр намешавад. Вале маъмулан чунин тадбирҳо “барои танзими воридот”, “ҳимояи бозори дохилӣ”, “дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ” ё “воридоти маблағ ба буҷет” рӯйи даст гирифта мешаванд.

Болоравии боҷҳо метавонад хароҷоти воридкунандагонро зиёд кунад, вале таъсири он ба нархҳои ниҳоӣ барои истеъмолгарон, ба арзиши хариди маҳсулот, логистика, қурби асъор, хароҷоти нигаҳдорӣ дар анбор ва нархгузории фурӯшандагон вобаста аст.

Маблағи боҷи гумрукӣ бо евро бо асъори миллӣ тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи қабули эъломияи гумрукии бор, ба мақомоти гумрук пардохт мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.