Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Сайфиддин Қараев, asia+

Дар Тоҷикистон ҳудуди 485 ҳуҷра дар меҳмонхонаҳои сатҳи байнулмилалӣ мавҷуд аст. Бинобар сабаби пешниҳоди маҳдуд, нарх дар онҳо баланд аст.

Як таҳқиқоте , ки гурӯҳи IQ KNOWLEDGE BASE-и ширкати Commonwealth Partnership гузаронидааст, нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон 485 ҳуҷраи шабакаи байнулмилалии меҳмонхонаҳо мавҷуд аст ва ин камтарин нишондиҳанда миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба чунин шабакаҳо Hilton, Hyatt, Marriott, Sheraton, Accor, Wyndham Hotels & Resorts ва IHG мансубанд.

Тоҷикистон аз ҳамсояҳо қафо мемонад

Соли 2025 ҳаҷми умумии фонди фармоишии ҳуҷраҳо дар Осиёи Марказӣ ба 12 743 рақам расида, ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 2020 қариб 90% зиёдтар мебошад.

Аз ҳама бештар чунин ҳуҷраҳо дар Қазоқистон – ҳудуди 7,2 ҳазор адад ба қайд гирифта шудааст. Ин тақрибан 57%-и ҳамаи фонди фармоишии ҳуҷраҳоро дар минтақа ташкил медиҳад.

Дар зинаи дуюм Ӯзбекистон қарор дорад. Аз соли 2020 фонди ҳуҷравии кишвар ба андозаи 272% афзуда, ба 4473 ҳуҷра расидааст.

Қирғизистон ҳоло бозори начандон бузург буда, 585 ҳуҷраи фармоишӣ дорад.

Дар бораи Туркманистон маълумот дастрас нест.

Чаро нархҳо дар Тоҷикистон баланд аст?

Дар мавод зикр мешавад, ки чунин нархҳо на ба теъдоди зиёди сайёҳон, балки норасоии меҳмонхонаҳои босифат вобаста аст. Вақте ки меҳмонхонаҳои байнулмилалӣ каманд, онҳо метавонанд нархҳои нисбатан баландро нигоҳ доранд. Яъне бозори меҳмонхонадорӣ дар Тоҷикистон нисбатан маҳдуд ва қамрақобат аст.

Масалан, дар Тоҷикистон ҳуҷра барои 1 нафар дар як шабонарӯз чунин нарх дорад:

Hilton Dushanbe — от 155 то 482 доллар;

Hyatt Regency Dushanbe — аз 180 то 456 доллар.

Меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe. Акс аз торнамои hyatt.com

Минтақа аз сайёҳии арзон дур мешавад

Дар маҷмӯъ, Осиёи Марказӣ тадриҷан симои сайёҳии худро тағйир медиҳад. Агар қаблан минтақа бештар ҳамчун самти сафарҳои буҷетӣ, пиёдагардӣ, кӯҳҳо ва хонаҳои меҳмонӣ қабул мешуд, ҳоло кишварҳо зерсохтори нисбатан бароҳатро рушд медиҳанд.

Шабакаҳои байналмилалии меҳмонхонаҳо на танҳо ба пойтахтҳо, балки ба минтақаҳои сайёҳӣ низ ворид мешаванд: Самарқанд, Бухоро, Иссиқкӯл, осоишгоҳҳои кӯҳӣ ва марказҳои нави корӣ.

Қазоқистон ба бахши корӣ ва дараҷаи беҳтарин майл мекунад. Дар Остона ва Алмато ҳамоишҳои байнулмилалӣ, нишаст ва чорабиниҳои бузурги тиҷоратӣ баргузор мешаванд.

Ӯзбекистон сайёҳии фарҳангиро рушд медиҳад. Самарқанд, Бухоро ва Тошканд на танҳо ба самти сайру саёҳати кӯтоҳ, балки барои истироҳати тӯлонӣ ва бароҳат табдил меёбанд.

Қирғизистон тадриҷан аз симои сайёҳии экологӣ ва истироҳатӣ табдил меёбад. Дар Бишкек аллакай Sheraton, Hyatt Regency ва Novotel фаъолият мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.