“Ҷасадашро дар чарогоҳ дафн кардааст”. Боздошти як чӯпон ба иттиҳоми куштори корфармои худ бо силоҳи шикорӣ

Мақомот мегӯянд, муноқиша дар “заминаи пардохти музди кор” рух додааст.

asia+

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як чӯпон дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод, ки ба куштори корфармои худ бо истифода аз силоҳи шикорӣ гумонбар мешавад. Ин ниҳод рӯзи 14-уми май аз боздоштшуда Юсуфбек Исамурадов, сокини 23-солаи ҷамоати Эсанбойи ноҳияи мазкур ёд кард.

Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷавон дар пайи як муноқиша, Илҳомҷон Раҳмонов, сокини 35-солаи ноҳияи Фирдавсиро “бо силоҳи шикории суфтамил” паррондааст.

Ҷабрдида, ба иттилои Вазорат, корфармои чӯпон будааст ва муноқишаи онҳо дар “заминаи пардохти музди кор” рух додааст. Ҷузъиёти дигари ин ҷанҷол маълум нест.

Вазорат илова кардааст, ки ин воқеа шоми 10-уми май дар заминҳои чарогоҳи деҳаи Эсанбой ба вуқуъ пайваста, “гумонбар барои рӯйпуш кардан”-и кирдораш ҷасади Илҳомҷон Раҳмоновро дар чарогоҳ зери хок кардааст.

Назари Юсуфбек Исамурадов дар робита ба ин қазия маълум нест.

Додситонии ноҳияи Рӯдакӣ алайҳи ӯ бо гумони одамкушӣ (моддаи 104 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин иттиҳом аз 8 соли зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.

Мақомот гуфта буданд, ки ҳодиса рӯзи 27-уми апрел рух дода, гумонбар “бо камони якмиллаи шикорӣ 2 маротиба ба самти Насимҷон Ҳоҷибоев ва 3 маротиба ба самти Шариф Султонов тир холӣ кардааст, ки номбурдагон аз ҷароҳати бардоштаашон дар ҷои ҳодиса” ҷон бохтаанд.

Далели муноқишаи онҳо низ “баҳси пулӣ” гуфта мешуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.