“…сифати таълими алифбои ниёгон дар муассисаҳои соҳаи маориф беҳтар карда шавад”. Ин дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба ҳукумати кишвар навъе ифодакунандаи ҳарфи дили рӯшанфикрону коршиносони тоҷик буд, ки чанд сол ба ин сӯ таъкид мекунанд. Зеро огоҳии комил аз гузаштаи худ бидуни донистани хати ниёгон ғайриимкон аст.
Ин супориши раисҷумҳур хабарнигорони “Азия-Плюс”-ро, ки чанд муддат инҷониб дар андешаи таҳияи матлаб дар бораи зарурати таъсиси расона ва ё бахше дар расона бо ҳуруфи форсӣ буданд, водор кард, ки фурсатро ғанимат донад ва дар кутоҳтарин вақт ин матлабро таҳия кунад.
Дарҳол бояд гуфт, ки имрӯз Тоҷикистон дар фазои расонаии форсизабони ҷаҳон, ки беш аз 150 миллион мухотаб дорад, тақрибан ҳузур надорад ва дар баробари ин ҳавзаи бузург “сукут” ихтиёр кардааст. Коршиносон инро кори оқилона намедонанд ва ишора мекунанд, ки “Азия-Плюс” бо собиқа ва таҷрибаву нуфузи худ метавонад ин холигоҳро пур кунад.
Дебочае перомуни форсидониву форсинависӣ дар Тоҷикистон
Солҳо боз дар Тоҷикистон масъалаи баргаштан ба хатти форсӣ яке аз масоили доғ миёни аҳли зиё буд ва мондааст. Аммо ба назар мерасад, ки ҳоло тамаркуз ба хатти ниёгон афзуда, ҳатто таваҷҷуҳи ҳукумати кишварро ҷалб кардааст.
Тибқи супориши ахири раисҷумҳур, ки рӯзи 28-уми май дар ҷаласаи ҳукумат садо дод, омӯзиши хатти ниёгон дар доираи “тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ” бояд тақвият ёбад. Ҳоло ин омӯзиш танҳо бо ду соати дарсӣ дар як ҳафта барои хонандагони синфҳои 7 ва 8-ум маҳдуд аст. Насле, ки ин хатро меомӯзад, дар дохили кишвар майдоне барои хондан ва истифодаи он надорад.
Хатти форсӣ имрӯз на дар вазорату идораву коргоҳҳои ҳукуматӣ ва на дар бахшҳои хусусӣ қариб корбурд надорад ва бо ин ҳол форсидонону форсихонон ҳам бо мурури замон онро ба гӯшаи фаромӯшӣ месупоранд.
Вазъи расонаҳои ангуштшумори форсинавис ҳам, ба гуфтаи коршиносон, нигаронкунанда аст. Дар фазои расонаии кишвар радиои давлатии “Овози тоҷик” бо гӯйиши форсӣ садо медиҳаду хабаргузории давлатии “Ховар” бахши форсӣ дорад, ки рӯзе то 7-8 хабари асосан расмиро мунташир мекунад.
Дар чанд вақти охир дар ҳукумат ва дастгоҳи раисҷумҳур майл ба истифодаи хатти ниёгон дида мешавад. Нашри матни фармони раисҷумҳур дар бораи таъсиси Ҷоизаи Абӯалӣ ибни Сино ва хабари кумаки Тоҷикистон ба Эрон бо хатти форсӣ дар саҳифаи расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Фейсбук, гувоҳи он аст, ки ҳукумат ҳам аҳамияти мухотаби форсизабонро дарк кардааст.

Аммо дар сатҳи расонаҳо ин фазо тақрибан холӣ аст ва ба гуфтаи коршиносон, адами як расонаи таҳлилии форсинависи тоҷикистонӣ баръало эҳсос мешавад.
Аммо вазъ ҳамеша чунин набудааст.
Замоне рӯзномаҳои форсинавис ё духата буд
Расонаи форсихат дар Тоҷикистон кори нав нест ва чунин таҷрибаҳо дар солҳои охири пошхӯрии шӯравӣ ва истиқлоли кишвари мо вуҷуд доштааст.
Қироншоҳ Шарифзода, муҳаққиқи матбуот ва устоди донишгоҳ, ба ёд меорад, ки Тоҷикистон дар охири солҳои 80-ум ва аввали 90-уми қарни гузашта таҷрибаи бисёр ғанӣ ва муваффақи корбурд ва нашри матбуоти форсихатро дошт. Дар авҷи ҷараёни худшиносии миллӣ, нашрияҳои духата ва сирф форсинавис, ба гуфтаи ӯ, ба падидаи фарҳангӣ табдил ёфта буданд.
Шарифзода мегӯяд, таърихи матбуоти он даврон гувоҳ аст, ки расонаҳо рисолати пайвандгарии худро ба хубӣ иҷро мекарданд. Ҳафтаномаи “Сомон” (баъдан маҷалла шуд), ки зери сарпарастии Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ ва роҳбарии устод Лоиқ Шералӣ фаъолият мекард, солҳо бо хатти форсӣ ба чоп расид.
“Ин нашрия ба минбари асосии мубориза барои истиқлоли фарҳангӣ табдил ёфта буд”, – ба ёд меорад ин муҳаққиқ.
Ба гуфтаи ӯ, замимаи “Пайванд”-и ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” бо сардабирии Беранги Кӯҳдоманӣ, шоир ва рӯзноманигори тоҷики зодаи Афғонистон, комилан бо хатти ниёгон ба нашр расида, ба мардум имкон медод малакаи хониши худро сайқал диҳанд ва пуле бо Эрону Афғонистон созанд.

Ҳамчунин, Шарифзода мегӯяд, Бунёди фарҳанги Тоҷикистон бо роҳбарии Гулрухсор солҳои аввали истиқлол маҷаллаи духатаи “Фарҳанг”-ро чоп мекард: “қисми зиёди мақолаҳо, шеърҳо ва матнҳои классикӣ бо хатти форсӣ омода ва мунташир мешуданд”.
Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, ки худи ӯ ҳам таҷрибаи муҳаррирӣ ба рӯзномаи духатаи форсиву сириликро дошт: Созмони “Ориёнои бузург” солҳои 90-ум рӯзномаи духатаеро бо номи “Меҳр” мунташир мекард, ки танҳо се шумора ба чоп расиду бас.
Чаро ин раванд қатъ шуд?
Аммо ин эҳёи фарҳангӣ дер давом накард. Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, баъди оғози ҷанг ва ҳаводиси солҳои 90-ум, таваҷҷуҳ ба хатти форсӣ коҳиш ёфт.
Дар натиҷа, ба гуфтаи муҳаққиқ, то солҳои 1993-1994 хатти ниёгон аз фазои умумӣ ба ҳошия ронда шуд, ҳарчанд дар макотиб таълим дода мешуд, аммо соатҳои дарсӣ кам шуданд. Дертар ҳатто дар сатҳи расмӣ ва ҷомеа ҳам канорагирӣ аз хати ниёгон мушоҳида мешуд.
Шарифзода мегӯяд, дилпурии ҷомеа он буд, ки дар Қонуни забони тоҷикӣ, ки соли 1989 пазируфта шуд, забони давлатӣ забони тоҷикӣ зикр шудаву дар қавсайн “форсӣ” ҳам навишта шуда буд. Аммо 5-уми октябри соли 2009 Қонуни нави забони давлатӣ қабул шуду калимаи “форсӣ” ба он роҳ наёфт.
Пас аз ин, ба гуфтаи Шарифзода, дигар ҳеҷ талоши ҷиддие барои таъсиси расонаи форсихат ё ҳатто як саҳифаи форсӣ дар нашрияҳо нашуд.
Шикастани бунбаст: чаро расонаи форсинавис зарур аст?
Агар дар гузашта ҳарос аз сиёсӣ шудани хат монеа эҷод карда бошад, имрӯз таваҷҷӯҳи ҳукумат ин бунбастро метавонад шиканад. Коршиносон бар ин боваранд, ки надоштани расонаи форсинавис акнун ба манофеи миллии Тоҷикистон зарба мезанад. Таҳлилгарон ин заруратро аз чанд зовияи мухталиф, вале комилкунандаи якдигар баррасӣ мекунанд.
Талош барои 150 миллион мухотаб

Профессор Сайфуллоҳи Муллоҷон, муаррихи тоҷик, масъаларо аз дидгоҳи миқёс ва нуфуз баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҷаҳон тағйир ёфтааст ва имрӯз мо дар паҳлӯи худ як бозори бузурги иттилоотии форсизабон (Афғонистон, Эрон ва форсизабонони рӯйи ҷаҳон)-ро дорем, ки бо беш аз 150 миллион тан аз аудиторияи русизабон кам нестанд.
Муллоҷонов бо таассуф мегӯяд, ки ҳатто Афғонистон бо вуҷуди ним аср ҷангу бесуботӣ, дар фазои расонаии форсӣ хеле фаъолтар ва таъсиргузортар аз Тоҷикистон аст.
Ин муаррих таъкид дорад, ки дар баробари 150 миллион мухотаб хомӯш мондан нишонаи оқилӣ нест ва барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷаҳони форсизабон бояд расонаи форсинависи таъсиргузор таъсис шавад.
Табдил шудан ба марҷаъ ва сохтани “ривояти тоҷикӣ”
Қосим Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили сиёсӣ бар ин бовар аст, ки то имрӯз расонаҳои Тоҷикистон “истеъмолкунанда” (бознашр аз расонаҳои Эрону Афғонистон) буданд, на “тавлидкунанда” (пешниҳоди муҳтаво аз Тоҷикистон), вале кунун зарурат дигар шудааст: вақти сохтани “ривояти тоҷикӣ” расидааст!
“Вақти он расидааст, ки Тоҷикистон худ ба як “марҷаъ”-и (сарчашмаи) мӯътамади хабарӣ барои хориҷиён табдил ёбад”, – таъкид дорад ин таҳлилгар.
Ба қавли ӯ, ҳамзабонони мо ҳам таваҷҷӯҳ ва ҳам то ҷое ниёз доранд, ки дидгоҳи мустақил ва мавқеи Тоҷикистонро нисбат ба таҳаввулоти ҷаҳону минтақа донанд.
Қосим Бекмуҳаммад мегӯяд, ин “ривояти тоҷикӣ” на танҳо бо матн, балки бояд тавассути қолабҳои наву ҷолиб, ба мисли подкаст, мусоҳибаи таҳлилии наворӣ ва матолиби чандрасонаӣ, яъне ба талаби мухотаб мувофиқ пешниҳод шавад.

Заминаи баргашт ба хатти форсӣ ва омили покии забони тоҷикӣ
Умед Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгар ва яке аз ҳомиёни баргаштан ба хатти форсӣ, таъсиси расонаи форсинависро василаи қудратманде барои ҳамгунсозии истилоҳот миёни ҳар се кишвари форсизабон медонад.
Ӯ як шарти қатъӣ дорад: расона бояд бо “забони меъёри форсӣ” фаъолият кунад. Агар қарор бошад, ки матнҳо бо забони олудаву русизада ва қолабҳои бегона ба хатти форсӣ баргардон шаванд, таъсис наёфтани чунин расона беҳтар аст.
“Ин расона бояд намунаи олии нигориш бошад ва рӯзноманигорони он аз ҳамкорони минтақавии худ сабки дурустро омӯзанд. Ин раванд метавонад заминаи баргашт ба хатти форсӣ дар Тоҷикистон шавад”, – мегӯяд пажӯҳишгар.

Фазои онлайн – ягона роҳи наҷот
Қироншоҳ Шарифзода ба таъсиси расонае дар фазои онлайн ишора мекунад.
“Имрӯз кам касоне пайдо мешаванд, ки рӯзномаву маҷалла хонанд. Боз онро ба хориҷа дастрас кардан амри маҳол аст. Агар ҳадаф муаррифии Тоҷикистон аст – роҳи ягона ва самарадеҳ фазои маҷозӣ аст”, – мегӯяд ӯ.
Шарифзода мегӯяд, ки расонаи онлайн метавонад зудтар марзҳоро убур ва таваҷҷуҳи ҷомеаи форсизабони ҷаҳонро ба Тоҷикистон ҷалб кунад.
Нақши “Азия-Плюс” дар амалӣ кардани ин рисолат
Бо назардошти ҳамаи чаҳорчӯбаҳо, ки барои расонаҳои ҳукуматӣ муқаррар шудаасту онҳо асосан ба нашри хабарҳои расмӣ машғуланд, коршиносон ба ин боваранд, ки Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар арафаи 30-солагии таъсисаш номзади муносиб барои роҳандозии ин тарҳи бузурги миллӣ мебошад.
Чаро маҳз “Азия-Плюс”? Ба гуфтаи Сайфуллоҳи Муллоҷон, ин расона 30 сол пеш, замоне ки Тоҷикистон дар “қаҳтии иттилоотӣ” қарор дошт, тавонист садои кишварро бо забони русӣ ба ҷаҳон расонад. Акнун ҳамин рисолатро метавонад дар фазои форсӣ анҷом диҳад.
Қироншоҳ Шарифзода ташаббуси эҳтимолии “Азия-Плюс”-ро як “хабари бисёр хуш” унвон карда, ба таҷрибаи таърихии ин расона ишора мекунад. Ӯ ёдовар мешавад, ки вақте бахши тоҷикии “Азия-Плюс” таъсис меёфт, бисёриҳо ба ояндаи он шубҳа доштанд ва мегуфтанд, ки “самар намедиҳад ва умр намебинад”. Аммо имрӯз матолиби тоҷикии ин расона ҳам пурхонанда ва ҳам таъсиргузортар аст.
“Ҳамчун як расонаи собиқадор, мустақил ва умумимиллӣ, ки аллакай зарфияти кадрӣ, яъне рӯзноманигорони соҳибқалам ва аз хатти ниёгон огоҳ дорад, “Азия-Плюс” метавонад гузинае бошад, ки ҷомеаи форсизабон интизори он аст”, – мегӯяд Шарифзода.
Муллоҷонов ҳам таъкид дорад, ки “Азия-Плюс” қодир аст, ки хабарҳои хушки расмиро канор гузошта, таҳлилҳои амиқ, бозтоби зиндагии воқеӣ ва гуногунандешии ҷомеаи Тоҷикистонро ба 150 миллион мухотаб расонад.
Қосими Бекмуҳаммад ҳам мегӯяд, ки таъсиси бахши форсинавис дар Тоҷикистон дигар як зарурати қавии сиёсати ҷаҳонӣ, амниятӣ ва иттилоотӣ аст ва ин рисолатро ҳоло “Азия-Плюс” ба дӯш гирифта метавонад.
Ба андешаи ҳамсӯҳбатони мо, вақти он расидааст, ки Тоҷикистон сукутро бишканад ва дар паҳлӯи ҳамзабонон садои мустақил ва баланди худро дошта бошад. Муҳимтарин кор акнун фақат гирифтани як тасмими қатъӣ ва оғози тарҳ аст.

Ҷасур Абдуллоев, роҳбари бахши тоҷикии “Азия-Плюс” мегӯяд, ҳайати таҳририяи расона аз ин пешниҳоди коршиносон огоҳ аст ва зарурати таъсиси бахши хос бо хати ниёконро низ мадди назар дорад. Аммо барои вориди ин фазои бузург шудан ва бо хати форсӣ пешниҳод кардани матолиб, бояд омода буд ва роҳбурди хосу мукаммал дошт.
“Мо ҳам умед дорем, ки бо даст додани фурсат ва фароҳам шудани имконоту таҳияи барномаи комил дар хидмати мухотабони худ, хоса онҳое, ки расмулхати ниёкон ва ё форсиро медонанду мехонанд, хоҳем буд ва ба ин васила, дар сохтани “ривояти тоҷикӣ” ва ҳифзи арзишҳову манофеи халқу кишвар саҳм хоҳем гузошт”, – гуфт Ҷасур Абдуллоев.








