Ҷавонон ва фанновариҳои нав дар мубориза бо фасод. Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ муайян шуданд

Ба ғолибон аз 3 то 7 ҳазор сомонӣ тӯҳфа доданд.

Дирӯз, 29-уми май, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Ҷавонон муқобили коррупсия” ва супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон баргузор гардид.

Ин озмун аз 25-уми апрел то 23-юми май аз ҷониби Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир гузаронида шуда, дар маросими ҷамъбасти он Додситонии кулл, вазорату кумитаҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва донишҷӯёни кишвар ширкат доштанд.

Акс аз Оҷонсии зиддифасод пешниҳод шуд

Аз байни даҳҳо маводи пешниҳодшудаи донишҷӯён беҳтаринҳоро дар се номина интихоб карданд.

“Мақолаи беҳтарин”:

  • Ҷойи аввал – Отамуродзода Фароғат, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • Ҷойи дуюм – Акрамҷон Холиков, донишҷӯи Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе;
  • Ҷойи сеюм – Шоҳимардон Ҳайдарзода, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Инчунин дар ин бахш, Анушервон Хакимов ва Худобахш Ятимов барои иштироки фаъолн қадрдонӣ шуданд.

Акс аз Оҷонсии зиддифасод пешниҳод шуд

“Саҳнача ё видеоролики иҷтимоии беҳтарин”:

  • Ҷойи якум – Искандаров Юсуфҷон, донишҷӯи Академияи идоракунӣ;
  • Ҷои дуюм – Муҳаммадҷон Қаландаров, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • Ҷойи сеюм- Раббонӣ Абдуҷабборов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон.

Саидаҳмад Бозоров, Мирзоумар Маҳрамзода ва Мусо Раҳимов ҳамчун намояндагони фаъоли ин номина, қадрдонӣ шуданд.

Таваҷҷуҳи махсуси ҳакамон ба номинаи “Ташаббуси муосири зиддикоррупсионӣ”, ки истифодаи фанновариҳои навро дар бар мегирифт, равона гардид. Дар ин самт, лоиҳаи “Narhnomai Shaffof”-и Ансорӣ Негматов , донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сазовори ҷойи аввал гардид. Ҷойи дуюм ба лоиҳаи “AntiCorruption.tj”-и Абдухалил Ғаффоров аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва ҷойи сеюм ба лоиҳаи “Shaffof Platform”-и Бахтиёр Холиқов аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам супорида шуд.

Акс аз Оҷонсии зиддифасод пешниҳод шуд

Артукбаев Шодмон барои ташаббуси худ таҳти унвони “Маърифати ҳуқуқӣ ва шаффофияти рақамӣ” ҳамчун иштирокчии фаъол қадрдонӣ ёфт. 

Ба ғолиби ҷойи аввал 7 ҳазор сомонӣ, ба ғолиби ҷойи дуввум 5 ҳазор сомонӣ ва ба ғолиби ҷойи сеюм 3 ҳазор сомонӣ тӯҳфа шуд.

Ташкилкунандагони чорабинӣ изҳор доштанд, ки натиҷаҳои ин озмун ва дидгоҳи нави рақамии ҷавонон барои сохтани фазои зиддифасод дар ҷомеа таъсири мусбати худро мерасонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.