Пагоҳ ҳайати «сегона»-и Иттиҳоди Аврупо ба Душанбе ташриф меорад

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати «сегона»-и Иттиҳоди Аврупо аз 12 то 14-уми июл бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сафорати Фаронса дар ҶТ, ки раёсати Иттиҳоди Аврупоро дар Душанбе аз номи Шветсия таъмин месозад, хабар доданд. Дар сафорат изҳор доштанд, ки дар ҷараёни […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати «сегона»-и Иттиҳоди Аврупо аз 12 то 14-уми июл бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сафорати Фаронса дар ҶТ, ки раёсати Иттиҳоди Аврупоро дар Душанбе аз номи Шветсия таъмин месозад, хабар доданд.




Дар сафорат изҳор доштанд, ки дар ҷараёни сафар ҳайат бо мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба масоили иқтисодӣ Матлубхон Давлатов, муовини аввали вазири умури хориҷии ҶТ Абдулло Юлдошев, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфов, сарвари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод.



Бино ба иттилои манбаъ, ба ҳайати «сегона»-и Иттиҳоди Аврупо директори вазорати умури хориҷии Шветсяи Жан Ниберг, сафири Шветсия дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон Ганс Олсон, сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабини, сафири Испания дар Қазоқистон Алберто Антон Кортес шомил мебошанд. Шӯрои Аврупоро дар ҳайат намояндаи махсуси ИА оид ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Пйер Морел, мушовирони сиёсӣ оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ Татяна Левсева ва Байба Алексежука намояндагӣ мекунанд.



Дар ҳайат муовини роҳбари гурӯҳ оид ба Осиёи Марказӣ Томас Фрезелен ва ваколатдори муваққатии умури ИА дар Тоҷикистон Шарлот Андриэн Комиссияи Аврупоро намояндагӣ мекунанд.



Дар сафорати Фаронса дар ҶТ ҳамчунин гуфтанд, пас аз анҷоми сафари ҳайати мазкур баргузории нишасти хабарӣ дар назар аст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.