Дар Душанбе шахсони номаълум вориди манзили зисти намояндаи САҲА гардида, чизҳои қимматбаҳоро дуздиданд

Date:


Душанбе. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маркази шаҳри Душанбе шахсони номаълум чизҳои шахсии шаҳрванди Полша, корманди Дафтари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупоро дуздиданд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд, шаби 31-уми май ба 1-уми июн шахсони номаълум панҷараи оҳании тирезаи манзили зисти намояндаи САҲА-ро шикаста вориди хона мешаванд ва аз он ҷо аксбардори


Sony


, 2 телефони мобилӣ, гарданбанди тилло ва ҳамчунин 400 сомониву 100 Евро маблағро ғорат мекунанд. «Ғайр аз ин, ҷинояткорон як силсила ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла шиносномаи хориҷӣ ва корти плостикии


Visa


-ро низ бо худ бурдаанд», – гуфт манбаъ.



Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...