Кӯлоб. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта «Агроинвестбонк» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯи ҳамаи намудҳо ва самтҳо ба маблағи 42 млн. 348 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо кард.
Тавре сардори дафтари бонк дар минтақаи Кӯлоб Сайфиддин Қадамов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин сеяки ҳамаи қарзҳои ҷудогардида дар минтақаи Кӯлобро ташкил дода, сандуқи қарзии бонк дар зарфи як сол дар ин минтақа ба андозаи 1,8 баробар афзудааст: дар тӯли як сол 18 млн. сомонӣ зиёдтар қарз дода шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, 57,2 дарсади қарзҳо – ба рушди бахши кишоварзӣ, 27,8 – ба соҳаи тиҷорати яклухту чакана ва 15 дарсади он ба рушди сохтмону соҳаи саноат равона гардиданд. «Миқдори 60 дарсади қарзҳоро қарзҳои хурд ташкил дода, амонатҳои аҳолӣ дар зарфи як сол ба андозаи 1,4 баробар афзудаанд ва феълан муодили 7 млн. 12 ҳазор сомонӣ мебошанд», – гуфт ӯ.
С.Қадамов таъкид сохт, ки аз ҳаҷми умумии маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба минтақа 60 дарсадаш ба шӯъбаҳои «Агроинвестбонк» рост меояд ва дар ин давра тавассути бонк ба оилаҳои муҳоҷирон 82 млн. 320 ҳазор $ ва 198 млн. 524 ҳазор рубли русӣ дода шудааст. «Бар асари бӯҳрони молӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ҳамагӣ ба андозаи 1,64 баробар зиёд шуд ва ин дар ҳолест, ки ҳамасола он 2-3 маротиба меафзуд», – афзуд вай.


