Оғози сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо

Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз кишварҳои Аврупо оғоз гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дируз, 5-уми июн, Эмомалӣ Раҳмон озими Фаронса шуда, имрӯз бо як зумра аз намояндагони мақомоти раҳбарии ин кишвар гуфтушунид ва дар назди вакилони Парлумони Аврупо суханронӣ хоҳад кард. «Муддати […]

Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз кишварҳои Аврупо оғоз гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дируз, 5-уми июн, Эмомалӣ Раҳмон озими Фаронса шуда, имрӯз бо як зумра аз намояндагони мақомоти раҳбарии ин кишвар гуфтушунид ва дар назди вакилони Парлумони Аврупо суханронӣ хоҳад кард. «Муддати сафари шашрӯза президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз кишварҳои дигари Аврупо – Люксембург, Австрия ва Маҷористон низ боздид хоҳад намуд», – гуфтанд дар хадамоти матбуот.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқоту гуфтушунидҳои сарвари давлати Тоҷикистон бо намояндагони воломақоми ин кишварҳо баррасии масоили ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон, рушди бахши энегетика ва ҳамчунин ҳалли мушкилоти таъмини сулҳу субот дар Афғонистон дар назар аст.

Зикр гардид, ки сарвари давлатро дар ин сафар мушовири давлатӣ дар умури сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, , вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, , вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазир рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.