Пирӯзии Расул Боқиев дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон

Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Бухарест (Руминия) дзюдочии тоҷик Расул Боқиев дар мусобиқоти Ҷоми чаҳон дар вазни 73 кило соҳиби медали тило шуд. Дар қувваозмоии нахуст дзюдочии тоҷик бар мизбони мусобиқот дзюдочии руминиягӣ Стефан Бичисан дастболо шуда, дар набарди дуввум аз рӯйи имтиёз намояндаи Фаронса Ҷонатан Алландоро мағлуб сохт. Дар даври нимниҳоӣ […]

Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Бухарест (Руминия) дзюдочии тоҷик Расул Боқиев дар мусобиқоти Ҷоми чаҳон дар вазни 73 кило соҳиби медали тило шуд.

Дар қувваозмоии нахуст дзюдочии тоҷик бар мизбони мусобиқот дзюдочии руминиягӣ Стефан Бичисан дастболо шуда, дар набарди дуввум аз рӯйи имтиёз намояндаи Фаронса Ҷонатан Алландоро мағлуб сохт. Дар даври нимниҳоӣ Расул Боқиев бар варзишгари Англия Данел Уилямс ва дар қуввозмоии ниҳоӣ бар дзюдочии Исроил Иосеф Палелашвили пирӯзӣ ба даст овард.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Ширинҷон Мамадсафоев хабар дод, пас аз ҷароҳат бардоштан дар мусобиқоти «Гренд Слем» дар Париж, ин мусобиқоти нахустини Расул Боқиев ва дастоварди муҳими ӯст. «Аз ин пирӯзӣ Расул Боқиев соҳиби 100 имтиёзӣ рейтингӣ шуда, ба сафи 20 дзюдочии беҳтарини ҷаҳон дар вазни худ шомил шуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, «барои соҳиб шудан ба имтиёзоти бештари рейтингӣ Раусл Боқиев боз дар 15 мусобиқоти байнулмилалӣ, аз ҷумла 9-уми июн дар яке аз давраҳои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Таллин ширкат меварзад. «Дар давраҳои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон ба ҷуз Расул Боқиев, ҳамчунин се нафар варзишгарони дигари тоҷик – Муҳаммад Абдураҳмонов, Парвиз Собиров ва Фарҳод Раҳимов низ иштирок доранд», – иброз дошт вай.

Ш.Мамадсафоев мегӯяд, Расул Боқиев ният дорад, ки моҳи августи соли равон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар шаҳри Париж ширкат варзида, имтиёзоти бештаре ба даст орад. «Ҳамчунин то ахири сол варзишгари тоҷик тасмим гирифтааст, ки ба қатори 8 дзюдочии беҳтарин дар вазни худ шомил гардад, то дар мусобиқоти Бозиҳои олимпӣ дар Лондон соли 2012 аз имтиёзоти бештаре бархӯрдор бошад», – афзуд ноиби президенти КМО-и ҷумҳурӣ.


(дар акс Р. Боқиев бо либоси сафед)

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.