Ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД дар Минск

Date:

Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар шаҳри Минск ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дасьаҷамъӣ (СААД) ба кор оғоз мекунад, ки Тоҷикистонро дар он муовини аввали вазири мудофиа, сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ Рамил Нодиров намояндагӣ мекунад.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матуботи Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои мазкур масоили беҳбуди самаранокии фаъолияти мутақобилаи сардорони ситоди кулл (Сарраёсатҳо, Кумитаи сардорони ситодҳо, ситодҳои муттаҳида)-и Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви созмон ва такмили фаъолияти ситоди муттаҳидаи СААД мавриди баррасӣ қарор мегиранд. «Дар ҷаласа ба мушкилоти муҷаҳҳаз сохтани Нерӯҳои дастаҷамъонаи вокуниши фаврӣ бо намунаҳои силоҳу муҳимоти муосир, техникаи махсус ва низомӣ низ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд», – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин атрофи масоили ташкили нерӯҳои ҳомии сулҳи СААД ва чорабиниҳои амалӣ ҷиҳати омодасозии ин нерӯҳо барои истифода аз рӯйи таъинот низ табодули афкор сурат хоҳад гирифт.

Ёдрас мекунем, ки 18-уми сентябри соли 2003 Оинномаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавриди амал қарор гирифта, феълан ба ҳайати он кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Точикистон ва Ӯзбекистон шомиланд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...