Анҷоми мурофиаи додгоҳии як гурӯҳи қочоқбарони нашъа дар Кӯлоб

Date:

Кӯлоб. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мурофиаи додгоҳии як гурӯҳи машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба анҷом расид, ки ба он шаш нафар сокинони шаҳри Кӯлоб ва як нафар истиқоматкунандаи ноҳияи Шӯрообод дохил буданд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи мурофиаи мазкур, раиси додгоҳи шаҳри Кӯлоб Аслам Холов хабар дод, се нафар аз айбдоршавандагон – Ш.Боқиев, Абдуғаффор Сарахонов ва Комилхон Давлатов қаблан аз ҷониби додгоҳҳои ноҳияҳои Данғара, Мӯъминобод ва шаҳри Кӯлоб ба муддати аз 4 то 5 сол маҳкум гардида, вале минбаъд мавриди авф қарор гирифта будаанд. «Дар мурофиа чор ҳолати марбут ба дастрас кардан, интиқол ва фурӯши дар маҷмӯъ 11 кило маводи нашъаовар баррасӣ шуд», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти додгоҳ, узви гурӯҳ, сокини ноҳияи Шӯрообод Муртазо Розиқов якчанд маротиба бо қочоқбари нашъа, шаҳрванди Афғонистон бо исми Маҳмадулло вохӯрда, лекин ба додгоҳ муяссар нашудааст, ки чӣ гуна ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрванди Афғонистонро муайян намояд.

Ба қавли А.Холов, додгоҳ Ш.Боқиевро ба муддати 13,5 сол, А.Сарахонов ва М.Розиқовро ба муддати 10 сол ва узви боқимондаи гурӯҳро ба муддати аз 8 то 9 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...