Тағйироти кадрӣ дар сохтори Академияи улуми ҷумҳурӣ

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ҷаласа нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Юсуфбеков – директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои гуманитарии АИ ҶТ, Раҳим Масов […]

Asia-Plus

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ҷаласа нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Юсуфбеков – директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои гуманитарии АИ ҶТ, Раҳим Масов – директори Пажӯҳишгоҳи таърих, бостонӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ, Ҳикмат Мӯминов – директори Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи АИ ҶТ, Зарулло Раҳмонов – директори Пажӯҳишгоҳи математикаи АИ ҶТ таъин гардиданд.

Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ Назаралӣ Холов – аъзои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии ҶТ, Гулчеҳра Абдуллоева ва Мурод Маҳмудов аъзои – ҳайати мушовараи Саридораи ҳифзи сири давлатии назди Ҳукумати ҶТ таъин шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.