Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Бо мақсади пешгирии тағйирёбии иқлим ва бо дастгирии Хазинаи мутобиқат ба иқлим фаъолияти Хадамоти гидрометереологии Тоҷикистон беҳбуд ва такмил дода мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Гидрометереология»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Маҳмад Сафаров хабар дод, Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари дигар ба барномаи санҷишии Хазина дохил шуд, ки дар чаҳорчӯби он ҷудо кардани 50 млн. $ маблағ пешбинӣ шудааст. «Дар Тоҷикистон барнома дар самтҳои гуногун амалӣ гардида, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба фаъолияти низоми гидрометереологӣ 13 млн. $ ҷудо мегардад», – гуфт вай.
Ба қавли М.Сафаров, мутобиқи асноди баимзорасида, амалисозии барномаи мазкур моҳи сентябри соли равон оғоз гардида, муддати 5 сол идома меёбад. Ба татбики барнома Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ хоҳанд кард.
«Мо умедворем, ки бо амалисозии ин барнома низоми гидрометереологии Тоҷикистон дар дақиқии пешгӯйиҳо, ҷамъоварии маълумоти экологӣ ва масъалаи дастрасии аҳолӣ ба маълумот перомуни экология ва гидрометереология ба дастовардҳо ноил хоҳад гардид», – таъкид сохт номбурда.
М.Сафаров ҳамчунин иброз дошт, ки сатҳи дақиқии пешгӯйиҳои кӯтоҳмуддати хадамоти гидрометереологии Тоҷикистон (барои 2-3 рӯз) 90%-ро ташкил медиҳад.