Қатли корманди нуқтаи мубодилаи асъор дар Суғд

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ду ҳодисаи куштори бераҳмона ба вуқӯъ пайваст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, дар ноҳияи Истаравшан шахсони номаълум шабона ба манзили зисти корманди нуқтаи мубодилаи асъор Шӯҳрат Ҷалолови 36-сола ворид мегарданд. Дар саҳни ҳавлии хона тавассути зарбаҳои корд ӯ ва сипас ҳамсари Ҷалоловро, ки аз […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ду ҳодисаи куштори бераҳмона ба вуқӯъ пайваст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, дар ноҳияи Истаравшан шахсони номаълум шабона ба манзили зисти корманди нуқтаи мубодилаи асъор Шӯҳрат Ҷалолови 36-сола ворид мегарданд.

Дар саҳни ҳавлии хона тавассути зарбаҳои корд ӯ ва сипас ҳамсари Ҷалоловро, ки аз шунидани доду фарёд ба саҳни ҳавлӣ мебарояд, ба қатл мерасонанд ва 28 ҳазор маблағи пулиро бо худ мебаранд. «Аз ҷароҳатҳои бардошта Ҷалолов ва ҳамсараш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, дар оилаи Ҷалоловҳо ду фарзанди ноболиғ тарбия меёфтанд. Аз рӯйи ин далел дар мақомоти додситонии шаҳри Истаравшан мутобиқи моддаи «Одамкушӣ»-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Зикр гардид, ки чанде қабл дар ноҳияи Спитамен ба гумони даст доштан дар қатли кӯдак сокини 43-солаи ҷамоати Тағояк Икром Ҷӯраев боздошт гардидааст. Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, боздоштшуда дар ҳолати мастӣ кӯдаки 5-солаи ҳамсояро ба дуздии пулҳои худ гумонбар дониста, ӯро ба қатл мерасонад.

Пас аз куштани кӯдак, бо мақсади пинҳон кардани ҷиноят ӯ кӯдакро ба халта андохта, ба як мавзеъи ноободи наздики деҳаи Камар бурда мепартояд. Аз рӯйи ин далел низ дар мақомоти додситонии ноҳияи Спитамен мутобиқи моддаи «Одамкушӣ»-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, далели шайъӣ – корде, ки бо он кӯдак кушта шудааст, мусодира гардидааст.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, тайи 7 моҳи соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 22 ҳодисаи одамкушӣ (дар ҳамин давраи соли 2010 – 27 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст. 


Акс аз www.telegraf.od.ua

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио