Писари собиқ додситони кулл ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Собиқ додситони ноҳияи Ҳисор Файзулло Бобохонов, писари собиқ Додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов ба муддати 7 соли зиндон маҳкум гардид. Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Файзулло Бобохонов дар Додгоҳи Олӣ баррасӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳ хабар доданд, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ, ки моҳи апрели соли равон шурӯъ шуда буд, гуноҳи айбдоршаванда пурра собит […]


Собиқ додситони ноҳияи Ҳисор Файзулло Бобохонов, писари собиқ Додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов ба муддати 7 соли зиндон маҳкум гардид. Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Файзулло Бобохонов дар Додгоҳи Олӣ баррасӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳ хабар доданд, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ, ки моҳи апрели соли равон шурӯъ шуда буд, гуноҳи айбдоршаванда пурра собит карда шуд. Ёдрас мекунем, ки Ф. Бобохонов мутобиқи моддаҳои 250. қ. 4 (Тамаъҷӯӣ бо мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани молу мулк), якчанд қисми моддаи 314 (суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 316 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ), 347 (Қаллобӣ) ва 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суиқасди ҷиноят)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешуд.

Ба иттилои манбаъ, тамоми ҷиноётро ӯ  дар замони мансабҳои гуногунро дар мақомоти додситонӣ ишғол карданаш содир кардааст.

Ҳамчунин дар мурофиаи додоҳӣ парвандаи собиқ сармуфаттиши додситонии ноҳияиҲисор Шоҳрух Нуралиев низ баррасӣ гардида, ӯ ба мӯҳлати 5,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Адвокатҳои маҳкумшудагон ба ҳалномаи додгоҳ норозигӣ изҳор карданд. Аз ҷумла адвокати яке аз маҳкумшудагон Сайкомил Қурбонов дар сӯҳбат бо ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки аз болои ҳалномаи додгоҳ бо тартиботи кассатсионӣ шикоят хоҳад бурд. Ӯ ҳамчунини гуфт, Бобохонов ва Нуралиев ба қисман мавриди афф дар ҷумҳурӣ эълонгардида қарор гирифтан ҳуқуқ доранд.

Файзулло Бобохонов ба гумони даст доштан дар ришваситонӣ соли 2010 ба ҳабс гирифта шуд. Соли 2005, замони дар мансаби додситони кулли Тоҷикистон қарор доштани падараш Бобоҷон Бобохонов ӯ ба мансаби додситони ноҳияи Ҳисор таъин гардид.

Кормандони Агентии зиддифасоди кишвар амволи ӯ – ду манзили зист дар шаҳри Душанбе, ду хонаи сохтмонаш нотамом дар ноҳияи Ҳисор ва шаҳри Қӯрғонтеппа, ду қитъаи замини 10 сотихӣ ва боғ дар ноҳияи Ҳисор ва ҳамчунин се автомашинаи гаронбаҳояш – ду автомашинаи «Lexus» ва як автомашинаи «Toyota Camry»-ро ба ҳабс гирифтанд.

Дар акс собиқ Додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.