Валихон Муллоев мансаби баландтареро соҳиб шуд

Сардори шӯъбаи мубориза бо хариду фурӯши одамони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Валихон Муллоев сардори шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Хатлон таъин карда шуд. Фармон дар ин бора рӯзи 20-уми августи соли ҷорӣ ба имзо расидааст. Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17-уми август ҳангоме ки намояндагони газета Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов дар маҷлисгоҳи додгоҳи […]


Сардори шӯъбаи мубориза бо хариду фурӯши одамони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Валихон Муллоев сардори шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Хатлон таъин карда шуд. Фармон дар ин бора рӯзи 20-уми августи соли ҷорӣ ба имзо расидааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17-уми август ҳангоме ки намояндагони газета Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов дар маҷлисгоҳи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ оғози мурофиа оид ба даъвои сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил Анвар Тағоймуродов нисбат ба ҳафтавори «Азия-Плюс»-ро интизорӣ доштанд, намояндаи Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ А. Муллоев ба онҳо таҳдид кард.

«Алихон Муллоев яке аз намояндагони А.Тағоймуродов дар мурофиаи додгоҳӣ аст. Имрӯз вақте мо ба мурофиаи додгоҳӣ ҳозир шудем ва додрасро дар толор интизорӣ доштем, ӯ ба мо чунин гуфт: «шумо душманони мақомоти милиса ва ман шахсан шуморо аз пешониатон мепарронидам» ва «ман шуморо бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳо нобуд месозам», ин суханонро ӯ чандин маротиба такроран гуфт, – гуфта буданд адвокатҳои ҳафтавор. – Ин суханон дар ҳузури шоҳидон гуфта шуданд. Дар толор намояндагони матбуот ва созмонҳои гуногуни байнулмилалии ҳуқуқӣ, ки қазияи мазкурро пайгирӣ мекунанд, ҳузур доштанд».

Дар таърихи 18-уми август намояндагони газета Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов аризаи худро ба Додситонии кулли ҷумҳурӣ пешниҳод карданд. Дар ариза аз Додситонии кулл дархост карда шуд, ки далели таҳдиди ҷазои ҷисмонӣ додан ба адвокатҳо аз ҷониби А. Муллоев воқеъӣ эътироф карда шавад, зеро бо тақозои вазифа ӯ ба аслиҳа дастрасӣ дорад. Ҳамчунин дархост гардид, ки нисбат ба ин амали ӯ чораҳои дахлдор андешида шавад.

Чанде баъдтар сардори Раёсати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки В. Муллоев «дар муддати ним сол боре ҳам аслиҳаи кориашро нагирифтааст, зеро вобаста ба навъи фаъолияташ он ба ӯ зарур нест». Рӯзи 19-уми август сардори ситоди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Тоҳир Норматов изҳор кард, ки мақомоти раҳбарии вазорат бобати санҷиши ин ҳодиса супориш дода, тафтиши қазияи мазкур ба дӯши нозироти раёсати кадрҳои вазорат вогузор шудааст.

Худи ҳамон рӯз адвокати ҳафтавори «Азия-Плюс» Шуҳрат Қодировро муовини Додситони кулли ҷумҳурӣ Абдуқодир Муҳаммадиев ба ҳузур пазируфта, дар робита ба ин масъала гуфт, ариза то рӯзи сешанбе баррасӣ мешавад. Аммо рӯзи сешанбе ба адвокати дигари ҳафтавор Абдураҳмон Шарифов аз Додситонии кулл хабар доданд, ки Раёсати нозироти иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари додситонӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ маводи тафтишоти дохилии қазияи мазкурро дархост кардааст ва рӯзҳои наздик он бояд ба додситонӣ пешниҳод гардад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.