Дар Ҷиргатол волидайни сарбозро як қаллоб фиреб дод

Date:


Дар ноҳияи Ҷиргатол волидайни сарбоз тавассути пулу мол фарзандашонро аз хизмати ҳарбӣ озод карданӣ шуда, мавриди фиреби як қаллоб қарор гирифтанд.

Тавре аз суди ноҳияи мазкур ва қисми низомии 0741-и мустақар дар ноҳияи Ҷиргатол хабар доданд, сарбози навдаъватшуда Душанов Эмомалӣ дар кисми ҳарбии  0741, воқеъ дар ноҳияи Ҷиргатол деҳаи Чалған» ба адои хизмати Ватан машгул буд.

Боре шаҳрванд Холназаров Холиқназар аз шаҳри Душанбе ба хонаи истиқоматии падари сарбоз Душанов Шералӣ меҳмон шуда, гапро аз он сар кард, ки бо командирони писари онҳо ошнои наздик асту метавонад фарзанди онҳоро аз хизмат озод намояд.  Ӯ ба боварии волидон даромада аз онҳо 1 сар гӯсфанд ва 300 долларро гирифта ваъда мекунад, ки писарашонро аз хизмат озод менамояд.  Пас аз чанде Холназаров дубора ба манзили Душанов омада аз ҳамсари аскар –  Тӯйчиева Наврӯзмох як адад телефони мобилии Нокиа ва магнитофони (музыкальный центр) 400 доллариро барои ин кор тасарруф менамояд.

Боварии наздикони аскарбачаро дида Холназарон ба кирдори худ идома медиҳад. Аз Душанов Шералӣ автомашинаи сабукрави  рақами давлатиаш АХ 06-02 РТ 01-ро, ҳамчун «қурбонӣ» дар роҳи озод намудани фарзандашон гирифта, ба  сардори ситоди қисми ҳарбии мазкур Холов Т. ба таври ғайриқонунӣ ба маблағи 3000 доллар мефурӯшад. «Наҷотдиҳанда»  маблағи мазкурро барои эҳтиёҷоти шахсиаш истифода намуда ба Федератсияи Россия рахти сафар мебандад.  Дар маҷмӯъ Холназаров  ба ҷабрдидагон Душановхо ба маблағи 13 ҳазору 800 сомонӣ зарари моддӣ  мерасонад.

Дар ниҳояти кор волидони аскарбача фиреб хӯрданашонро фаҳмида, аз болои Холназаров ба суд муроҷиат менамоянд. 

Холназаров Холиқназар аз  оқибати амалаш тарсида, як қисми пулро аз Федаратсияи Россия равон намуда, автомашинаро ба соҳибаш бармегардонад.

Вале суд  баробари ба ҷумҳурӣ ҳозир шуданаш парвандаи Холназаровро боз  намуда, пас аз ҷуброни зарарҳои расонидааш бо дастрасии моддахои 3332, 337, 348 КМҶ Тоҷикистон ва моддаи 247, қисми «а» КҶ Тоҷикистон  ба маблағи 31 хазору 920 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима таъин кард. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...