Президент мири шаҳри Хуҷандро аз вазифа сабукдӯш кард

Date:


Рӯзи сешанбе, 1-уми ноябри соли равон, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба фаъолони вилоят раисони тозатаъини шаҳру навоҳиро муаррифӣ кард.

Ҳамин тариқ, мутобиқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар масъалаи тақсимот ва истифодаи замин раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Лутфулло Муҳиддинов аз мансаб сабукдӯш гардид.

 Акнун иҷрокунандаи вазифаи  раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров собиқ раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов таъйин шуд.

Раиси шаҳри Қайроққум Раҷаббой Каримов низ аз мансаб сабукдӯш гардида, ба мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд таъин шуд. Собиқ муовини аввали раиси шаҳри Қайроққум Худойназар Юлдошев ба мансаби раиси шаҳри Қайроққум таъин хоҳад шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...