Курсҳои омӯзишии СММ барои сохторҳои қудратии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Date:


Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи ХАС\К22 «Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи афюнии тавлиди Афғонистон тариқи хатсайри шимол ҷиҳати таҳкими иқтидори нуқтаҳои асосии назоратӣ-рухсатдиҳӣ ва ташкили идораҳо оид ба ҳамкориҳои марзӣ» охири моҳи октябри соли равон дар АНМН барои афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон курсҳои ибтидоии панҷрӯза ташкил намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, мақсади асосии курсҳои мазкур баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омода намудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ду кишвар ба сифати афсарон оид ба ҳамкориҳои марзӣ ҷиҳати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Ин лоиҳа барои таъсиси ду идораҳо оид ба ҳамкориҳои марзӣ дар ду нуқтаи назоратӣ-рухсатдиҳӣ (Фотеҳобод – Ойбек ва Дӯстӣ – Сариосиё) дар сарҳади Тоҷикистон бо Ӯзбекистон барои мубориза бо мухаддирот тариқи хатсайри шимол равона гардидааст.

Маврид  ба ёдоварист, ки  ба «Идораҳо оид ба ҳамкориҳои марзӣ» (ИҲМ) кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...