Анҷоми корҳои азнавсозии роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ

Date:


Имрӯз маросими қабули давлатии корҳои таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ, ки 42 километр масофаро ташкил медиҳад, баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси раёсати сохтмони Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Сафаров хабар дод, корҳои азнавсозии роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ бо воситаҳои бурсии ҳукумати Ҷопон сурат гирифта, рӯзи 25-уми октябри соли равон ба анҷом расид. Арзиши умумии лоиҳа 25 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Мутобиқи санади баимзорасида миёни Вазорати нақлиёту коммуникатсияи Тоҷикистон ва паймонокони асосӣ – ширкатҳои ҷопонии «Dai Nipon» ва «Nipo corporation», пас аз анамалисозии лоиҳа муддати як соли мӯҳлати кафолатнок хизматгузории роҳи мошингардро паймокори асосӣ ба ӯҳда мегирад.

Қобили зикр аст, ки татбиқи лоиҳа моҳи июни соли 2009 оғоз гардида, масофаи умумии роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ-Панҷи Поён ба 82 килметр баробар аст. Ҳаҷми умумии маблағи корҳои таъмиру азнавсозии роҳ 55 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...