Ба комиссияи интихоботии ҳавзаи Шоҳмансур, № 3-и шаҳри Душанбе дар бораи бақайдгирӣ ба сифати номзад ба вакилӣ чор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиат карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳавзаи интихоботии мазкур Абдулло Холиқов хабар дод, ба сифати номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони кишвар ҳуҷҷатҳои раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ғайриҳизбӣ Абдуқаҳҳор Турсунов, намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов ва намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, соҳибкор Сӯҳроб Оймаҳмадов қабул шудаанд.
Мутобиқи қарори Комиссия марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон, бақайдгирии номзадҳо дар ҳавзаи интихоботии мазкур то санаи 19-уми ноябри соли равон идома меёбад.
Аввали ҳафтаи равон раиси Ҳизби сотсила-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров як изҳороте пахш намуд, ки дар он аз тамоми аҳзоби сиёсӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати таҳрим намудани маъракаи интихоби вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз ҳавзаи якмандатии №3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт даъват ба амал оварда шуд.
«Тақдири интихобот дар кишвари мо маҳз дар комиссияҳои қитъавии интихоботӣ ҳал мешавад, ки ба ҳайати онҳо маъмулан намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шомиланд ва онҳо пинҳонӣ аз номзадҳои ҳизби ҳоким – Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунанд», – таъкид кард Зойиров.
Ёдрас мекунем, ки пас аз даргузашти вакили МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Сафаралӣ Раҷабов ҷойи як вакил аз ҳавзаи интихоботии мазкур холӣ монд.