Як қатор гуфтушунидҳои вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар Бонн

Дар чаҳорчӯби иштирок дар кори Конфронси Байналхалқӣ оид ба Афғонистон дар Бонн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо роҳбарони ҳайатҳое, ки дар кори Конфронс иштирок доштанд, як қатор вохӯриҳо анҷом дод. Тавре азАз ҷумла, вохӯрӣ ва мулоқотҳои дуҷонибаи ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, ҷаноби Ержан Қозихонов, Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба […]


Дар чаҳорчӯби иштирок дар кори Конфронси Байналхалқӣ оид ба Афғонистон дар Бонн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо роҳбарони ҳайатҳое, ки дар кори Конфронс иштирок доштанд, як қатор вохӯриҳо анҷом дод.

Тавре азАз ҷумла, вохӯрӣ ва мулоқотҳои дуҷонибаи ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, ҷаноби Ержан Қозихонов, Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Ҷанубӣ, хонум Изабел Герреро, Президенти Бонки исломии рушд ҷаноби А. Ал Мадани ва бо Аълоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохони IV баргузор гардиданд.

Дар рафти вохӯрӣ ва мулоқотҳо Вазири корҳои хориҷӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ва татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикиро дар ҷумҳурӣ баррасӣ намуд.

Вазир Ҳ.Зарифӣ бахусус таваҷҷӯҳи ҳамсӯҳбатонашро ба вазъияти баамаломадаи вобаста ба таъмини қувваи барқ дар кишвар ва мушкилиҳои ҷойдошта дар фасли зимистон ҷалб кард.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориҳои густурдаи Тоҷикистон бо ниҳодҳои байналмилалии молиявиро оид ба татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар ҷумҳурӣ тазаккур дод. Бахусус ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаи гузаронидани ташхисҳои дахлдори лоиҳаи сохтмони НБО-и Роғун таъкид гардид.

 Ҳ.Зарифӣ ба муҳим будани ҷодаи номбурда таваҷҷӯҳ зоҳир карда, ба анҷоми ташхисҳо дар мӯҳлатҳои банақшагирифташуда умедворӣ иброз дошт.

Вазир Ҳ. Зарифӣ зарурати сохтмони ин ва дигар иншоотҳоро барои таъмини кишвар бо қувваи барқ ва бартарафкунии камбуди шадиди қувваи барқ барои мардум ва саноати ҷумҳурӣ дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон махсус қайд намуд.

Ӯ бори дигар ба мусоҳибони худ итминон дод, ки Тоҷикистон омода аст ҳамкориро бо сохторҳои гуногун ва шарикони байналхалқӣ идома диҳад.

Зимни мулоқотҳои барпошуда, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон масъалаи амалисозии лоиҳаи CASA-1000-ро, ки натанҳо барои Тоҷикистон, балки инчунин барои кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон ва Покистон муҳим мебошад, таъкид кард.

Ҳамрохон Зарифӣ умедвории худро аз дастгирии ташаббусҳои Тоҷикистон ва дарки амиқи ҳаётан муҳим будани гидроэнергетика барои рушди минбаъдаи иқтисоди ҷумҳурӣ иброз дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.