Зимни суханронӣ дар конфронс оид ба Афғонистон дар шаҳри Бонн вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мувофиқи мақсад будани сохтмони шабакаи нерӯгоҳҳои обӣ-барқиро дар Тоҷикистон дар болооби дарёҳои Амударё ва Панҷ бо сарбандҳо барои ҷамъоварии захираҳои обӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар Афғонистон тасдиқ намуд.
«Тоҷикистон аз он бармеояд, ки барои тағйироти қатъии вазъ дар Афғонистон аввалан ба ҷалби ин кишвар дар ҳамкории минтақавӣ аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ки минтақаро бо роҳҳои оҳан ва мошингард, хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи CASA-1000, қубурҳои газ, ҳамчунин дигар коммуникатсияҳо мепайвандад, диққат додан лозим аст», – гуфт вазири корҳои хориҷии ҶТ.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар идома Ҳ.Зарифӣ таъкид сохт, ки зарур аст, то ба инкишофи зарфияти инсонии Афғонистон тавассути боло бардоштани сатҳи маориф таваҷҷӯҳ равона гардад. «Тоҷикистон ба омодасозии мутахассисон барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва эҳтиёҷоти шаҳрвандии Афғонистон саҳми фаъол мегузорад. Тоҷикистон ҳамчунин сохтани маркази бисёрсоҳаи таҳсилоти касбӣ-техникиро дар ҳудуди Тоҷикистон иқдом мекунад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват месозад, то барои татбиқи ин тарҳ мусоидат намоянд», – иброз дошт Ҳ.Зарифӣ.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки масъалаи ҷалби хоҷагидорони афғонро ба барномаҳои кишоварзӣ баҳри иваз кардани зироати нашъаовар ба кишти «безарар» муҳим аст. «Вобаста ба ин, пешниҳод дорем ба Афғонистон хусусан барои ҳалли таъмини захираҳои обӣ ва барқарорсозии низоми обёрӣ кӯмак расонида шавад. Мо мувофиқи мақсад будани сохтмони шабакаи нерӯгоҳҳои обӣ-барқиро дар Тоҷикистон дар болооби дарёҳои Амударё ва Панҷ бо сарбандҳо барои ҷамъоварии захираҳои обӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар Афғонистон тасдиқ менамоем», – илова кард номбурда.


